Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 09:5517.12.2024
Дар Душанбе ду ронандаи автомобилҳои гаронбаҳо барои дидаву дониста роҳ надодан ба мошини Ёрии таъҷилӣ дастгир карда шудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дод.
Манбаъ менависад, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида ронандаи “Range Rover”, Файзалӣ А. ва ронандаи “Toyota”, Беҳрӯз Т. боздошт карда шуданд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Номбурдагон зимни ҳаракат дар кӯчаи Соҳилӣ ду қатори роҳро банд намуда, дидаву дониста ба нақлиёти Ёрии таъҷилӣ роҳ надоданд”,- шарҳ медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, автомобилҳои нафарони зикршуда ба ҷаримагоҳи муваққатӣ дастрас карда шуда, нисбати ронандагон бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз дигар ронандагон низ талаб мекунад, ки зимни ҳаракат ба воситаҳои наклиёти бартариятдошта, махсусан ёрии таъҷилӣ ва сӯхторхомушкунӣ монеа эҷод накунанд.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
19 часов назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
19 часов назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
1 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
4 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад