“Ду ҷойи каллаашро бурида дӯхтаанд”. Марги шубҳаноки як сарбоз

Ҷасади як сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонии КДАМ-ро, ки дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хидмат мекард, ба зодгоҳаш деҳаи Демойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бурда дафн кардаанд.

Марги Ботир Эргашев бисёр суолу тахминҳоро ба миён овардааст, менависад Радиои Озодӣ.

Ҷасади сарбозро намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ва ҳукумати маҳаллӣ рӯзи 11-уми ноябр ба волидонаш супорида гуфтаанд, ки “ӯ худкушӣ кард”.

Вале Баҳодур Эргашев, падари ин ҷавон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар бадани ӯ осори латукӯб будааст. Гуфта мешавад, Прокуратураи ҳарбии Кӯлоб тафтишро шуруъ кардааст.

Ба гуфтаи Баҳодур Эргашев, писараш ҳамагӣ як рӯз пеш аз ҳодиса бо онҳо телефонӣ гап зада буд ва то поёни хидматаш ҳамагӣ чанд рӯз монда буд.

“Дар соли 2022 ба хидмат рафт. Бояд ҳамин шабу рӯз меомад. Рӯзи 10-уми ноябр додараш ҷашни зодрӯз дошт. Занг зад, табрик кард. Бо модараш гап зад. Рӯзи дигар писарамро қима-қима карда ба мо оварда доданд”,- гуфтааст Баҳодур Эргашев.

Ба иттилои Озодӣ то ин дам вобаста ба ин ҳодиса кӯшиши гирифтани шарҳи расмӣ натиҷа надодааст.

Ба гуфтаи падари сарбози марҳум, ӯ ҳангоми шустани ҷасад дар ҷисми писараш осори латукӯб ва шиканҷаро дидааст.

“Ҳарду мояаш кабуд буд. Ҷасади бачаамро худам шустам. Аз гардан то поёни нофашро бурида буданд. Ду ҷойи каллаашро бурида дӯхтаанд. Дар пушти сараш як шикофии калон буд, шояд задаанд. Лабҳояш дарида буд”,- нақл кардааст ӯ ба Радиои Озодӣ.

Ба иттилои манбаъҳои Озодӣ, Прокуратураи ҳарбии гарнизони минтақаи Кӯлоб таҳқиқро сар кардааст. Пайвандони сарбоз азм доранд, барои дарёфти ҳақиқат то ниҳодҳои болоӣ муроҷиат кунанд.

Skip to toolbar