Ду мансабдори тоҷик бо пора дастгир шуд

Ду мансабдори Вазорати молия бо пора ба даст афтиданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти ду мансабдори баландмақоми Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад. Онҳо ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шудаанд.

Мирзоев Далер, сардори шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи Вазорати молия ва Наимов Парвиз, сармутахассиси шуъбаи мазкур дар асоси маслиҳати пешакӣ аз як шаҳрванд барои гирифтани иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти идораи букмекерӣ ба сифати пора 3 ҳазор доллари ИМА талаб намудаанд.

“Аз ин маблағ 1000 долларашро пешакӣ гирифта, ҳангоми гирифтани боқимонда маблағи 2 ҳазор доллар, дар натиҷаи амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ ҳарду аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт шуданд”,- омадааст дар хабар.

Маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, нисбати Мирзоев Далер ва Наимов Парвиз барои гирифтани пора бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби шахси мансабдор (моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.

Ин банди қонунгузорӣ, аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари боздоштшудагон, наздикон ва вакили дифои онҳо маълум нест.

Skip to toolbar