Суди Олии Тоҷикистон Рухшона Ҳакимова, бону хабарнигори тоҷикро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯро баъд аз эълони ҳукми суд ба ҳабс гирифтанд.
Мақомот ӯро тибқи моддаи 305-и Кодекси ҷиноятӣ ба “хиёнат ба давлат” гумонбар медонанд. Бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол Ҳакимова дар озодӣ буд, аммо ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт ва ҳамаи аснодаш мусодира шуда буд.
Қаблан прокурор ба ин рӯзноманигор ҳабдаҳ соли зиндон талаб карда буд.
Вакили мудофеи Рухшона Ҳакимова рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтааст, баъд аз эълони ҳукм, “Рухшона Ҳакимоваро аз толори суд ба ҳабс гирифтанд”.
Манбаъ гуфтааст, нигоҳубини ду фарзанди хурдсоли Ҳакимова ба уҳдаи наздиконаш вогузор карда шудааст. Фарзанди калонии ин хабарнигор дуюнимсола ва хурдиаш даҳмоҳа аст.
“Нисбат ба ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебарем”,- гуфтааст адвокат.
Нисбати Рухшона Ҳакимова Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо иттиҳоми хиёнат ба давлат (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда буд. Худаш дар додгоҳ иттиҳомро рад кард.
Як манбаи Озодӣ гуфтааст, парвандаи Рухшона Ҳакимова ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” пайванд дорад, вале азбаски қазияаш махфӣ ва мурофиа паси дарҳои баста гузашт, ҷузъиёташ маълум нест.
Human Rights Watch, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳукми хабарнигор Рухшона Ҳакимоваро қотеона маҳкум кард.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Фаъолияташро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз карда, дар нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” кор кардааст. Инчунин, дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ навиштаҳои таҳлилиаш нашр мешуданд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон аст.
Давоми беш аз ду соли охир дар Тоҷикистон нуҳ рӯзноманигору блогер – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch ин вазъро ташвишовар донистаанд.