fbpx

Ду духтараш ғарқ шудааст. Як сокини Душанбе барои ёфтани ҷасади духтараш аз ҳукумат мадад хост

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-4
-4 points
Акс аз сомонаи som1.ru

Афзоиши назарраси воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативӣ нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 340 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардаанд.

Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин нишондиҳанда 41% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Аз ҷумла, дар ин давра аз Русия ба Тоҷикистон 128 ҳазор тонна бензин, 175 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, ҳудуди 7 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, зиёда аз 9 ҳазор тонна гази моеъ ва дар ҳаҷми умумии 21 ҳазор тонна инчунин битум, равғанҳои молиданӣ ва кокси нафтӣ интиқол дода шудааст.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли ҳудуди 392 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва беш аз 183 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст.

Як сокини Душанбе барои ёфтани ҷасади духтараш мадад хост

Як сокини Душанбе ду ҳафта боз ҷасади духтари 12-солаашро ҷустуҷӯ дорад.

Хуршед Ҳамроев аз ҳукумат хостааст, чанд соат оби обанбори канори Боғи Айниро хушк кунанд, то ёфтани ҷасади духтараш осон шавад.

Ду духтари хурдсоли ӯ дар обанбори канори Боғи Айнии пойтахт ғарқ шудаанд. Ҷасади якеро ёфтаанд, вале аз дувумӣ нишоне нест.

Мунаввараи 12 ва Марями 10-сола рӯзи 1-уми июл ғарқ шудаанд. Онҳо ба сабаби набудани панҷара ба канали обрез даромадаанд. Дар гузашта атрофи онро бо панҷара печонида буданд.

“Бо мадади маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади якеашро ёфтем. Мавҷи об тез аст, сард аст, ёфта наметавонанд. Ҳукумат обро хушк кунад, даромада кӯдакро гиранд,” – гуфт Хуршед Ҳамроев рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, дар ҷустуҷӯи ҷасад ба ин хонавода кумак мекунанд.

Тоҷикистон пардохти боҷи гумрукии дукаратаро бекор кард

Хадамоти гумруки Тоҷикистон пардохти гумрукии дукарата дар рӯзҳои истироҳатӣ, ид ва баъди соати кориро бекор кардааст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 13 июл хабар дод.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, аз ин пеш ҳангоми анҷоми расмиёти гумрукии молҳои воридотиву содиротӣ ва транзитии берун аз соати корӣ ё берун аз минтақаи назорати гумрукӣ, хироҷи гумрукӣ ба андозаи дукарата рӯёнида мешуд.

– Акнун мо ин талаботро аз байн бурдем ва барои анҷоми расмиёти гумрукӣ соҳибкорон, махсусан содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ хироҷи яккарата месупоранд.

Ба гуфтаи Каримзода, ин тасмим расмиёти гумрукиро тезонида ба тоҷирон сабукӣ медиҳад.

Муҷозоти як зан дар Бохтар барои худкушии духтараш

Дар шаҳри Бохтар як занро ба гуноҳи ба худкушӣ расондани духтараш ба 5 сол зиндони шартӣ маҳкум кардаанд.

Ҳукми Муборак Гиёева ду ҳафта пеш эълон шуд.

Духтари ӯ, Бибисония Тағоеваи 14-сола, тобистони гузашта бо таноб худро кушт.

Мақомот мегӯянд, “ӯ ба бадрафторӣ, латукӯби пайваста ва паст задани шаъну эътибораш тоб наовардааст”.

Хадамоти алоқа нишондиҳандаҳои соли гузаштаро ба дастовардҳои имсола нисбат дод

Бино ба маълумоти пешакӣ, даромади умумии соҳаи алоқаи дар зарфи 6 моҳи соли равон 1 млрд 660 млн 509 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки 12,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза зикр шуд, ки шумори умумии симкортҳои корбарони алоқаи мобилӣ дар ин давра 7 млн 943 ҳазору 309 ададро ташкил додааст, ки 5 млн 460 ҳазору 504 ададашон фаъоланд.

То имрӯз 4,2 млн нафар аз  Интернет, аз ҷумла мобилӣ истифода мекунанд. Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки суръати интернет дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

“Давоми 6 моҳ мо суръати интернети вурудиро дар Тоҷикистон аз 70 гиг/с то 100 гиг/с расонидем”, – хабар дод зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев.

Дар ҳамин ҳол, ин нишондиҳандаҳоро ӯ дар нишасти матбуотии аввали соли равон ба сифати дастовардҳои соли 2021 номбар карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-4
-4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend