fbpx
0

Доробшоҳ Наботовро (9-1) дӯстдорони муҳорибаҳои омехта ва ҳаводорони UFC бо муроҷиати ғайримаъмулиаш ба Дана Уайт бештар дар ёд доранд, ки соли қабл дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.

Ин варзишгари тоҷик ноябри соли 2024 аз Дана Уайт, президенти UFC хост ба ӯ муҳориба диҳад. Вале бохт аз Матеус Камило дар декабри он сол пеши роҳи шартнома бастани ӯро бо UFC гирифт.

Ҳамакнун ин варзишгари тоҷик бо яке аз ташкилотҳои аврупоӣ шартнома бастааст ва моҳи январ муҳорибаи аввалинаш дар ин бошгоҳ аст.

Доробшоҳ Наботов дар бораи муҳорибаи дар пеш истода ва нақшаҳояш барои роҳ ёфтан ба UFC бо Your.tj суҳбат кард.

Ғолибият дар ARES – имкони роҳёбӣ ба UFC

– Чанд рӯз пеш дар як навор гуфтед, ки 30-уми январ дар Фаронса муҳориба доред. Ин муҳориба барои роҳ ёфтани шумо ба UFC кӯмак мекунад?

– 30 январ дар Фаронса дар бошгоҳи ARES Fighting Championship муҳориба гузоштаанд, рақибам Муҳаммад-Гири Умарҳоҷиеви чеченӣ (7-0) аст, вале аз ҷониби Фаронса рақобат мекунад. Мо барои камарбанди ҳамин бошгоҳ рақобат мекунем. Ба ҳар ҳол ғолиб метавонад ба сӯи UFC ҳаракат кунад.

Барои ба UFC шомил шудан, тамрин карда истодаем, ҳамроҳи менеҷерҳои аврупоӣ кор мекунем. Бо ширкати ARES Fighting Championship шартнома бастем. Ҳоло фақат ҳадафамон гирифтани камарбанди ин бошгоҳ аст. Агар инро соҳиб шудем, хабарҳои нав аз пеш аст.

– Дар Тоҷикистон муҳорибаҳои омехтаро на он қадар хуш қабул доранд.  Мегӯянд, он миёни наврасону ҷавонон ҷангу муноқишаҳоро бармеангезад.  Шумо чӣ назар доред?

– Пеш буд муҳорибаҳои бидуни қоида, ки калонсолон онро “бой без правила” мегуфтанд. Муҳорибаҳои омехта аз куштӣ, бокс, кикбоксинг таркиб ёфтааст. Қоидаҳои худашро дорад, масалан ба чашм, ба пушти сар, дар миён задан мумкин нест. Яъне дорад қоидаву қонунҳои худашро, ки ба инсон зарар нарасонад.

“Модарам розӣ нест ва муҳорибаҳои маро тамошо намекунад”

– Муҳорибаи аввалини касбии шумо бо кӣ буд ва чӣ хотира доред?

– Дар муҳорибаҳои омехтаи касбӣ рақиби аввалинам Гаҷахмед Бабаев буд. Ман муҳорибаҳоямро хуб дар ёд дорам. Ҳамаашро такрор тамошо мекунам, мебинам чӣ камбудӣ ҳаст, чӣ пешравӣ ҳаст. Мебинам, ки куҷо чӣ кори нав мекунам, дар куҷо ба кадом хато роҳ медиҳам. Ҳар як хатоямро ислоҳ карда, оянда усулҳоямро беҳтар мекунам.

Оила ба муҳорибаҳои омехта бароманадани шуморо чӣ гуна қабул мекунанд?

– Дар аввал куштӣ машқ мекардам, ҳеҷ кас муқобил набуд. Вақте ба муҳорибаҳои омехта гузаштам, модарам зид буд ва то ҳол аз роҳе, ки ки интихоб кардам, розӣ нест.

Вақте муҳорибаҳо сар мешавад, дар хона бародарон якҷоя тамошо мекунанд, модарам аз пеши дар омада мепурсад, ки чӣ гап шуд, боз гашта мераванд, вале худаш тамошо намекунад.

Тавсия барои хоҳишмандони муҳорибаҳои омехта

Онҳое, ки нав ба муҳорибаҳои омехта қадам мезананд, чӣ мушкилиҳо доранд ва шумо ба онҳо чӣ тавсияҳо медиҳед?

– Ҷавонони ҳозира бениҳоят дастгрииашон хуб аст. Тими муҳорибаҳои омехтаро нағз дастгирӣ мекунанд. Натиҷаҳои нағз меоранд. Вале аксари наврасону ҷавонон, аҳамият медиҳем бештар ба машқу тамрин диққат медиҳанду мактабро намехонанд. Ин хатои аз ҳама калон аст. Бояд мактаб ҷойи аввал бошад, баъд тамрину мусобиқаҳо. Ягон варзишгаре, ки саводи кофӣ надорад, варзишгари нағз намешавад. Ҳатман авал мактаб бошад, баъд тамрин.

-Шогирд омода мекунед?

-Не! Ҳоло ҳамаи ҳадафам рӯи худам кор кардан аст.

-Ташаккур барои суҳбат!

-Саломат бошед!

Шартнома бо яке аз ташкилотҳои бонуфузи Аврупо

Доробшоҳ Наботови 26-сола устоди варзиши ММА, панкратион ва самбои размӣ мебошад. Вай соли 2017 қаҳрамони Русия дар риштаи панкратион гардида, соли 2019 дар қаҳрамонии Аврупо дар ММА ғолиб шудааст.

Ӯ муҳорибаи аввали касбиашро дар моҳи январи соли 2018 анҷом дода буд ва Гаҷиаҳмад Бабоеви русро мағлуб кард.

Пас аз ин Доробшоҳ дар лигаҳои ИДМ ва Аврупо ширкат кард.

Ӯ дар корномаи худ нӯҳ пирӯзӣ ва як бохт дорад.

24-уми ноябр соли 2024 ҳангоми нишасти хабарӣ дар Абузабӣ аз Дана Уайт, роҳбари ташкилоти UFC, хост, барояш муҳориба диҳад.

Президенти UFC варзишгари тоҷикро ба назди худ даъват кард ва дар бораи корномааш дар муҳорибаҳои омехта маълумот гирифт.

Дана Уайт ба Доробшоҳ ваъда дод, ки пас аз ғолибият дар мусобиқаи ZFN2 ба ӯ дар ташкилоти UFC муҳориба медиҳад. Аммо декабри соли 2024 Доробшоҳ дар мусобиқаи ZFN (Zombie Fight Night)-2, дар Кореяи Ҷанубӣ аз Матеус Камилои бразилиягӣ шикаст хӯрд.

Бастани шартнома барои чор муҳориба бо ташкилоти фаронсавии ARES FC, ки платформаи асосии UFC дар Аврупо ба ҳисоб меравад, барои Доробшоҳ Наботов саҳифае наве дар корномааш боз мекунад.

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend