Доробшоҳ Наботов мағлуб шуд ва шартномаи UFC-ро аз даст дод

Размикори тоҷик Доробшоҳ Наботов дар муҳорибае, ки шартномаи ӯ бо UFC ба он вобаста буд, мағлуб шуд.

Муҳориба байни ӯ ва размикори бразилиягӣ Матеус Камило дар шаҳри Коянеи Кореяи Ҷанубӣ дар доираи мусобиқаи ZFN 2 баргузор шуд.

Бо қарори якдилонаи доварон Камило ғолиб дониста шуд.

Худи роҳбари UFC Дана Уайт низ ният дошт, ки ба ин муҳориба равад, аммо аз сабаби рӯйдодҳои сиёсӣ дар ин кишвар аз сафар ба Кореяи Ҷанубӣ даст кашид.

Моҳи октябр Наботов ба директори иҷроияи UFC Дана Уайт муроҷиат кард, ки ӯро ба ин созмон қабул кунад. Дар навбати худ, Уайт изҳор дошт, ки размикор дар сурати пирӯзӣ дар ZFN 2, ки ӯ шахсан ҳузур меорад, шартномаи UFC-ро ба даст оварда метавонад.

Skip to toolbar