Doodle.tj. Кӣ дар Тоҷикистон ба шахсони дорои маъюбият барномасозиро меомӯзонад

Фирдавс Ёрматов ҷавонони дорои маъюбиятро ба мактаби шихсии барномасозиаш ҷалб мекунад.


Қаҳрамони мо Фирдавс Ёрматови 29 сола аст, ки аз хурдӣ бештари вақташро назди компютер мегузаронид. Ҳоло ӯ ширкати барномасозии худро дорад, ки ба ҷавонон соҳаи IT-технологияро меомӯзонад.

Фирдавс ба муаллифи Your.tj аз чӣ гуна кушодани ширкати шахсиаш ва омӯзиши барномасозӣ ба ҷавонони дорои маъюбият нақл кард.

Фирдавс Ёрматов зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Гимназияи № 4-и ба номи В.И. Ленини шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ аз давраи мактабхонӣ ба компютер шавқ дошт. Ба ноутбуку компютерҳо барнома насб мекард ва ба тюнерҳои шиносон “прошивка” мезад. Дар ҳама маврид худомӯз буд.

 

Бе пул суханат асар надорад

Чун Фирдавс ба компютер зиёд сару кор мегирифт, кор бо якчанд барномаҳоро мустақилона аз худ карда буд. Фирдавс тасмим мегирад, ки дар оянда дар соҳаи технология таҳсилро идома диҳад. Барои ин ба назди якчанд барномасозон, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ камшумор буданд, меравад. Вале Фирдавсро бе маблағ касе ба шогирдӣ қабул намекунад.

“Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мутахассионе, ки соҳаи барномасозиро хуб медонистанд, ангуштшумор буданд. Ман ба назди якчанд барномасоз рафтам ва хоҳиш кардам, ки маро ба шогирдӣ қабул кунанд.

Аммо ҳамаашон маблағ талаб мекарданд, ки ман надоштам. Баъдан худомӯзиамро пурзӯр кардам. Ҳарчанд он замон интернет пешрафта набуд, дар қаҳвахонаҳои интернетӣ нишаста, барномасозӣ меомӯхтам. Пеши худ ваъда додам, ки агар барномасозиро ба хубӣ аз худ кунам, хоҳишмандонро ройгон меомӯзонам”, – ба ёд меорад, Фирдавс.

Чун Фирдавс барои омӯзиш вақти бисёр ҷудо мекард, барои осон шудани кор компютери худашро ба интернет пайваст мекунад.

Таҳсил дар Малайзия

Фирдавс аз аввал медонист, ки барои барномасозӣ забони англисӣ лозим мешавад ва ӯ то андозае ин забонро аз худ мекунад. Пас аз хатми мактаб барои курси кӯтоҳмуддати барномасозӣ ба Малайзия сафар карда як сол он ҷо таҳсил мекунад.

“Баъд аз хатми мактаб ба яке аз барумандтарин Донишгоҳи Малайзия LimKokWing University Malaysia рафтам. Дар он ҷо аз курсҳои кӯтоҳмуддат гузаштам, 6 моҳи аввал бо забономӯзӣ машғул шудем, сипас омӯзиши веб- дизайнро оғоз кардем. Бисёр хоҳиш доштам, ки дар ҳамонҷо таҳсилро идома диҳам, вале маблағи кофӣ надоштам”, – нақл мекунад, Фирдавс.

Фирдавс аз Малайзия баргашта дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар факултаи иқтисодиёт таҳсилро идома медиҳад. Ҳамзамон соли 2013 ширкати барномасозии шахсии худро бо номи Doodle.tj таъсис медиҳад. Дар ин муддат ба чандин ширкатҳо сомонаҳо месозад. Ҳамчунин дар YouTube шабакаи худро кушода, бо забони русӣ наворҳои омӯзишӣ оид ба ТИ омода ва нашр мекунад. Вале суханҳои бинандагон рӯҳафтодааш мекунанд.

“Суханҳои баъзе аз корбарон “ин чӣ хел русӣ гап мезадааст” аз ин кор дилхунукам карданд. Агар барои бинанда муҳим омӯзиш неву тарзи суханронии ман бошад, пас ин кор бефоида аст, гуфтаму тамоми наворҳои омӯзиширо пок кардам”, – бо таассуф нақл кард, Фирдавс.

“Мизоҷон аз Амрико ба мо муроҷиат мекунанд”

Қаҳрамони мо соли 2016 барои васеъ кардани доираи тиҷораташ ба Амрико барои омӯзиш дар курсҳои кутоҳмудати барномасозӣ ва тиҷоратӣ сафар мекунад. Аз курсҳои омӯзишӣ баргашта нияти кушодани мактаби омӯзишӣ барои ҷавононро мекунад. Зеро ӯро лозим буд, ки тиҷораташро васеътар кунад ва барои ин тими мустаҳкаме лозим буд.

“Ширкати мо ба тариқи “аутсорс “ (ҳамчун ширкат аз рӯйи шартнома фармоиши ширкатҳои дигарро қабул карда, веб-сайтҳо, барномаҳо ва дизайни онҳоро месозем) кор карда истодаааст. Мо аз Русия, Казоқистон, Амрико, Олмон ва АМА ҳам фармоиш мегирем. Бисёртар ба мо ташкилотҳои навтаъсиси хориҷӣ, ки буҷеташон кам аст, кор мекунанд.

Дар Амрико ва кишварҳи дигар хизмати барномасоз беҳад арзиши баланд дорад, барои ҳамин онҳо қувваи кории арзон мекобанд. Нархи кории мо барои онҳо дастрас аст. Ният дорам, ки доираи фаъоляти ширкатро васеъ кунем ва дар бозори ҷаҳонӣ аз худ дарак диҳем. Барои ҳамин мо мактаби Doodle.tj-ро таъсис додем, ки дар он ба наврасону ҷавонони хоҳишманд курсҳои амалии барномасозиро гузашта истодаем”, – мегӯяд, Фирдавс.

Тарбияи 400 шогирд дар мактаби Doodle.tj

То имрӯз Фирдавс бо тими кориаш дар ин мактаб 400 нафар шогирдонро аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ тарбият намудаанд.

“Мо бо номи courses.doodle.tj сайт дорем. Дар он ҷо ба мо бештар мактаббачагон ва донишҷӯён барои омӯзиши курсҳои барномасозӣ муроҷиат мекунанд. Мо аз байни онҳо боз гулчин мекунем. Агар ҳақиқатан омӯхтанӣ омада бошанд, дастгирӣ мекунем.

Ман ва боз 2 нафари дигар ба бачаҳо аз силабусҳое, ки дар натиҷаи омӯзиши методҳои гуногун тартиб додаем, дарс медиҳем. Мо аз рӯйи ду равия “Frontend” (қисматҳои дизайн ва функсияҳои он, вёрсткаи дизайн) ва “Backend” (қисматҳои серверӣ, рафту омади ахборот) дарс медиҳем.

Агар барномасоз “frontend” – ро пурра ҳазм накунад, наметавонад, ки дар “Backend” кор кунад. Вақте бачаҳо равияи якумро аз бар карда шуданд, имтиҳон мегирем. Агар аз имтиҳон гузаранд, баъд равияи дуюмро оғоз мекунем”, – шарҳ дод, Фирдавс.

Омӯзиши барномарезӣ ба шахсони дорои маъюбият

Ҳоло Фирдавс барои омӯзиш ба мактаби худ бештар ҷавонони дорои маъюбиятро ҷалб мекунад. Ба фикри ӯ ин кор барои шахсони дорои маъюбият осон ва мувофиқ хоҳад буд, агар онҳо хоҳиши омӯхтану кор карданро дошта бошанд.

“Вақте ки дар Амрико будам, мушоҳида кардам, ки хазиначиёни бештари мағозаҳо шахсони дорои маъюбиятанд. Аз ҳамон ҷо ният карда будам, ки агар мактаби худро кушоям ҳатман шахсони дорои маъюбиятро ҷалб мекунам, то ки онҳо низ тавонанд зиндагиашонро бо меҳнати ҳалол пеш баранд”, – нақл мекунад, Фирдавс.

Фирдавс соле 60 нафар хоҳишмандонро аз оилаҳои ниёзманд ройгон қабул мекунад, бештари онҳо донишҷӯёне ҳастанд, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба Хуҷанд барои таҳсил омадаанд. Ҳоло се нафар шогирди дорои маъюбият дорад.

“Ду нафари онҳо, аллакай, ба барномарезӣ шурӯъ карданд. Ман пештар ба хонаашон ҳам рафта дарс медодам. Шогирдонамон Аҳрорхӯҷа ва Шероз, ки дорои маъюбият ҳастанд, ҳоло мустақилона кор карда истодаанд. Сомонаю барномаи мобилӣ худро сохтаанд. Далер шогирди сеюмамон феълан, ба танзими навор машғул аст”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Файзуллохон Обидов