Донишҷӯ шудан мехоҳед: Ба саволҳои шумо оиди бақайдгирӣ дар ММТ ҷавоб медиҳем

Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1 марти соли 2021 оғоз кард. Довталабонро лозим аст, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро омода карда, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздик ба макони зист худро ба қайд гиранд.

Your.tj ба саволҳои нафароне, ки оиди бақайдгирӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ маълумот надоранд ҷавоб омода намудааст.

Довтлаб дар куҷо ва чӣ тавр худро ба қайд гирифта метавонад?

– Имсол дар 34 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури 40 нуқтаи бақайдгирӣ ва 25 нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ташкил карда шудааст. Дар дилхоҳ нуқтаи бақайдгирӣ довталабон метавонанд худро бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба қайд гиранд(беҳтараш нуқтаи бақайдгирии ба макони зистатон наздикро интихоб намоед). Рӯйихати марказҳои бақайдгириро метавонед дар ин ҷо бубинед.

Барои бақайдгирӣ чӣ хел ҳуҷҷатҳо лозим?

– Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои бақайдгирӣ инҳо мебошанд:

1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст.

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (маълумотнома аз муассисаҳои таълимӣ ё ибтидоию миёнаи касбӣ, аттестат дар бораи хатми муассиса, диплом бо замимааш агар таҳсилоти касбиро гузашта бошед);

3) расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои БДА “Амонатбонк”;

4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад):

– маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” будани довталаб;

– хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб ва нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо – барои ятимони кулли то 21-сола;

– Маълумотномаи бепарасторӣ;

Бақайдгирӣ то кай давом мекунад?

– Бақайдгирӣ аз 1 марти соли 2021 оғоз шуда то 15 апрел идома меёбад.

Арзиши хизматрасонии марказ чанд сомониро ташкил медиҳад?

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2021 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон ва вобаста аз зинаи таҳсилоти шахси номнависшаванда чунин муқаррар гардидааст:

– 240 сомонӣ– барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

– 180 сомонӣ– барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум);

– 25 сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалӣ.

Ба киҳо дар пардохти маблағ имтиёз дода мешавад?

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:

1. Шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;

2. шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:

– шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

– маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) бошад, 90 сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёни касбӣ бошад, он гоҳ 120 сомонӣ пардохт мекунад.

Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Маблағро чӣ тавр пардохт кардан мумкин?

Имсол довталабон имкони пардохти маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути марказҳои хизматрасонии “Амонатбонк”, инчунин воситаҳои электронӣ доранд.

Вобаста ба ин, хоҳишманди иштирок дар ИМД-2021 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Оё шахсоне, ки ба ягон намуди беморӣ гирифтор бошанд, дар дилхоҳ донишгоҳ таҳсил карда метавонанд?

Мамнуъияти таҳсил аз сабаби беморӣ, танҳо барои довталабони муассисаҳои таълимии тиббӣ пешбинӣ шудааст. Бо номгӯи бемориҳо метавонед дар ин ҷо шинос шавед.

Дар хотир дошта бошед, ки агар Шумо бали гузаришро соҳиб шуда бошед, вале гирифтори яке аз ин бемориҳои дар рӯйхат бошед, муассисаи таълимӣ Шуморо қабул намекунад.

Агар то 15 апрел худро ба қайд гирифта натавонем чӣ кор бояд кард?

Марказ барои онҳое, ки ҳангоми марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 15‑уми апрел) аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд ё дар хизмати ҳарбӣ мекарданд, аз 10-ум то 30-юми июн марҳалаи иловагии бақайдгириро дар нуқтаҳои бақайдгирии муайянкардаи худ ба роҳ мемонад.

Мехоҳам ихтисосҳоямро иваз намоям, чӣ кор кунам?

Довталабе, ки мехоҳад ихтисосҳояшро иваз намояд, метавонад дар марҳилаи аз навбақайдгирӣ худро аз нав бақайд гирад.

Арзиши таҳсил дар донишгоҳҳо чӣ қадар аст?

Арзиши таҳсил дар қисми зиёди коллеҷу донгишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамасола тағйир меёбад. Имсол ҳам арзиши шартномаи баъзе муассисаҳо тағйир ёфтаанд. Арзиши таҳсил Шумо метавонед ҳангоми интихоби ихтисос аз роҳнамои довталаб дарёфт намоед.

Инчунин нархи таҳсилро метавонед, дар шаклии электронии “Роҳнамои довталаб-2021” муаян кунед.

Мавод дар такя ба сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ ntc.tj омода шудааст.  

Малика Сафарзода, Your.tj

Skip to toolbar