fbpx

Донишҷӯи тоҷик ҷоизаи “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ”- ро соҳиб шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда доданд, ки минбаъд нархи билетҳоро боло намебаранд

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон аз поин рафтани нархи билетҳо ба хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия хабар доданд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда доданд, ки минбаъд нархи билетҳоро боло намебаранд. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон огоҳ кард, ки дар сурати такроран боло бурдани арзиши билетҳо, онҳо минбаъд аз ҳуқуқи иҷрои парвозҳо маҳрум карда мешаванд.

Тавре ки  Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дод, зимни ҷаласа дар ин ниҳод намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда додаанд, ки дигар нархи билетҳоро боло набурда, онро дар доираи арзиши сабтшуда мефурӯшанд.

“Яъне на зиёдтар аз 250 то 350 доллар, – гуфт манбаъ. – Дар акси ҳол, Агентӣ онҳоро аз ҳақи минбаъд иҷро кардани парвозҳо маҳрум карда метавонад”.

Ба гуфтаи манбаъ, ба машварати махсуси рӯзи 28 март дар Агентӣ намояндагони дигар ширкатҳо, аз ҷумла Flydubai, Turkish Airlines, Uzbekistan Airways ва Air Astana низ даъват карда шудаанд.

“Онҳо низ огоҳ карда шуданд, ки ба болоравии нархи билетҳо роҳ надиҳанд. Мавқеи Агентӣ дар он ифода меёбад, ки нархи билетҳо ба шаҳрвандон доимо дастрас бошад ва парвозҳо саривақт анҷом дода шаванд”, – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январ нархи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас боло рафт. Нарх ба зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ расид. Лекин акнун вазъ ба эътидол омада, ҳозир билетҳоро метавон бо арзиши 3,5-4 ҳазор сомонӣ харид.

Дар ҳоли ҳозир се ширкат – «Сомон Эйр», «Уральские авиалинии» ва «ЮТэйр» байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳо анҷом медиҳанд.

Донишҷӯи тоҷик ҷоизаи “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ”- ро соҳиб шуд

Донишҷӯи факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Сафаров сазовори дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» гардид.

Тавре дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Низомидддин Сафаров дар лоиҳаи «IV нашриёти байналмилалии китоби «Беҳтарин донишҷӯ», ки миёни  муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 30-солагии Иттиҳод амалӣ шуд, иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» сарфароз гардид.

Акс аз сомонаи Ховар

Озмуни мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон» ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии Бобек» миёни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.

Ёдрас мешавем, ки аввали соли равон омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Имомназарова низ дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» бо дипломи дараҷаи III ва медали сарисинагии «Беҳтарин педагог-2021» сарфароз гардида буд.

92,2 фоизи аҳолии Тоҷикистон бар зидди COVID-19 ваксина гирифтанд

То 27 март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, яъне 92,2 фоизи аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 эм гирифтаанд. Инчунин бо вояи дуюми ваксина то санаи зикргардида 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар ё 87,5 дарсади шаҳрвандони кишвар фаро гирифта шудаанд.

Вояи сеюми ваксинаро то имрӯз 1 89 922 нафар ё 19,5 фоиз гирифтаанд. Имрӯзҳо сокинони кишвар бо масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тиббии маҳаллӣ муроҷиат намуда, ваксинаи зидди сироят мегиранд.

Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18 — сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешаванд

Рӯзи 30 март дар кинотеатри “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ки дар сомонаи Муасисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар дода мешавад, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими ҳамкориҳо бо синамогарони ӯзбек ва роҳандозии татбиқи лоиҳаҳои муштарак мебошад.

Нишасти матбуотӣ оид ба баргузории Рӯзҳои кино 30-юми март соати 14:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои рӯзноманигорону мухбирони Васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода шуда, алоқамандони синамои миллӣ метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд.

Рӯзҳои намоиши филмҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст: https://bit.ly/3IMMaur.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend