Донандаи 5 забони хориҷӣ: Донишҷӯи тоҷик донишгоҳҳои чиниро аз макотибҳои олии Тоҷикистон боло медонад

«Барои ман усули дарс ва системае, ки дар донишгоҳи Хитой амал мекунад як не, балки даҳ маротиба ва ҳатто зиёдтар аз усули таълими донишкадаю донишгоҳҳои Тоҷикистон хубтар аст…», – мегӯяд донишҷӯи тоҷик Таҳсин Сафаров.

«Ризоияти кишварҳои қабулкунандаро мунтазирем»

Довталабон ва донишҷӯёни  тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил карданӣ ҳастанд ё таҳсилашонро идома медиҳанд, дар ин вазъияти пандемия чӣ кор кардану бо кадом роҳ рафтанашонро намедонанд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони Вазорати маориф ва илм ба расонаҳо гуфтанд, ин кор танҳо аз хоҳиши онҳо вобаста нест, балки ризояти кишварҳои қабулкунанда зарур аст. То ҳол танҳо Белорусу Украина омодагии худро барои қабули донишҷӯёни тоҷик изҳор доштаанд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар маҷмӯъ шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар 30 давлати дунё беш аз 34 ҳазорро ташкил медиҳад. Имсол 1800 бурсия барои қабули довталабони тоҷик аз сӯи кишварҳои гуногун ҷудо шудааст. Панҷ кишвари асосие, ки шумори бештари донишҷӯёни тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд, Русия, Чин, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳастанд.

Омӯзиши 5 забон дар 6 сол

Таҳсин Сафаров, яке аз ҷавонони тоҷикест, ки ҳоло донишҷӯи соли чоруми курси чоруми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Синчияни кишвари Чин мебошад. Ӯ пас аз ба итмом расидани нимсолаи аввали курси сеюмияш, моҳи декабри соли гузашта ба ватан баргашт ва бо сабаби басташавии марзҳо дар Ватан мондааст.

Ӯ мегӯяд, аз донишгоҳ ба мо хабар доданд, ки бо эҳтимоли зиёд нимсолаи аввали соли хонишро тариқи онлайнӣ мехонем ва мумкин аст аз моҳи март ба Чин сафар кунем. Чун имсол соли охири таҳсили мост, барои кори хатму таҷрибаомӯзӣ нимсолаи дуюмро дар худи донишгоҳ гузаронидан муҳим мебошад.

Таҳсин Сафаров – донандаи 5 забони хориҷӣ. Ӯ дар ду сол забони англисиро хуб ёд гирифт. Дар якуним сол забони туркиро балад шуд. Як соли дигарро ба омӯзиши забонҳои фаронсавию арабӣ бахшид. Ӯ дар интиҳо ду соли дигар забони чинӣ омӯхт ва баъдан барои идомаи таҳсил ба Чин рафт.

Мо ба наздикӣ бо Таҳсин Сафаров вохӯрдаву доир ба забономӯзӣ, таҳсил дар Тоҷикистон ва Хитой, суратгир-оператор шудан ва нақшаҳои ояндааш суҳбат кардем.

– Таҳсин, мо медонем, ки баҳонаи омӯхтани забони англисӣ монанди писарамакат қаймоқхӯр шудан буд. Баҳонаи омӯхтани забони арабӣ дар бораи мамлакатҳои арабӣ фаҳмиши зиёд пайдо кардан буд. Баҳонаи омӯхтани забони туркӣ дар бозиҳои садонокҳои ин забон ширкат кардан буд. Баҳонаи омӯзиши забони фаронсавӣ хубтару беҳтар фаҳмидани китобҳои нависандагони фаронсавӣ буд. Бисёр хуб мешавад, агар ҳоло баҳонаи омӯзиши забони чиниро бигӯйӣ.

– Ҳар он чизе ки иҷро карданаш душвор бошад, ҳатман барои мо фоидаовар аст. Омӯзиши забони хориҷӣ низ аз ҷумлаи он амалҳост. Дуюм, омӯхтану донистани забони хориҷӣ ба инсон дарҳои нави имконотро мекушояд, ки дар дилхоҳ масъала: кор, ҷойи зист, муносибат, муошират, нуқтаи назар, тарзи фикрронӣ, фаҳмиш, тафаккур, маърифат, ҷаҳонбинӣ… дигар мешавад. Донистани забони хориҷӣ маънои донистани фарҳангу маънавиёти хориҷиён аст.

– Барои омӯхтани забони хориҷӣ чӣ лозим аст ва ё ба таври дигар гӯем бепул метавон онро омӯхт?

– Барои омӯхтани забони хориҷӣ муҳимтар аз ҳама шавқу завқ меистад. Агар одам шавқу завқ надошта бошад, бо шароити хубу ҳатто олӣ ҳам хонда наметавонад ё намехонад. Лекин агар завқу хоҳиш дошта бошад, чаппа кардани кӯҳ ҳам барояш осон менамояд. Ба фикри ман дар шароити кунунии Тоҷикистон, ки Китобхонаи миллӣ барин макони беминнату ройгони омӯзиш мавҷуд аст, барои омӯхтани забони хориҷӣ ҳеҷ маҳдудияте нест. Ҳар чизе, ки даркор аст муҳайёст, танҳо хондан лозим. Барои омӯхтани забони хориҷӣ як омили муҳими дигар ин аст, ки бояд илмомӯз орзуҳои калон, берун аз ватан баромадан, дар фазову муҳити дилхоҳ кору зиндагӣ кардан ва ғайра дошта бошад. Зеро рафта-рафта он орзуҳо ба мақсади зиндагӣ табдил меёбанд ва барои таҳсил дар хориҷа мусоидат мекунанд.

– Чун ҳоло барномаҳои зиёде сохта шудаанд, ки миёни мардум нақши тарҷумонро иҷро мекунанд ва қариб, ки кори тарҷумонҳоро кушта истодааст. Дар ин маврид ту чӣ назар дорӣ?

– Дуруст, имрӯз технология дар худ имкониятҳои зиёдеро дорост ва ба истифодабаранда кӯмаки бисёр карда метавонад. Вале бояд гуфт, ки омӯхтани забони хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат фоидаовар аст, ки мо дар боло онҳоро гуфта гузаштем. Яъне ҳеҷ гоҳ тарҷумон бекор намемонад. Ман фикр мекунам, ки донандаи забони хориҷӣ ҳеҷ гоҳ хор намегардад.

Таҳсил дар Тоҷикистон ва Хитой

– Ту дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон таҳсил мекардӣ, чӣ тавр Хитой рафтӣ?

– Ман пас аз хатми мактаби миёна тариқи Маркази миллии тестӣ донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон гардидам. Ҳоло намехоҳам дар бораи паҳлуҳои мусбату манфии донишгоҳ гӯем, зеро бисёр таҳсил накардам баробари донишҷӯйӣ дар маркази “Конфутсий”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси иловагӣ аз забони чинӣ мехондам. Дар маркази мазкур ҳамасола озмуни гузариш ба донишгоҳҳои Хитой баргузор мегардад ва ман дар як озмун ғолиб омада, имкони таҳсил дар Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба даст овардам. Дар он вақт  ба фикре омадам, ки дар хориҷа таҳсил кунам фоидаам ба халқу ватан ва аҳлу оилаам зиёдтар мерасад. Фикр мекунам, ки хато накардам.

– Ихтисосе, ки таҳсил дорӣ чист ва ба ту чӣ фоида оварда метавонад?

– Ихтисоси ман “Терминҳои забони хитоӣ дар соҳаи бизнес” мебошад. Ман омӯзгор ва тарҷумони забони хитоӣ мешавам.

– Хуб, дар бораи таҳсил дар Чин мепурсам. Дар донишгоҳ дар як рӯз чанд соат дарс мехонед ва чанд соат дарс тайёр мекунед?

– Дар дилхоҳ донишгоҳ ҳар донишҷӯ ҳар хел дарс мехонаду дарс тайёр мекунад. Донишгоҳи мо педагогӣ аст ва дар мо аз соати 9:30 то 10:00 дарси худтайёркунӣ аст. Яъне ним соат омодагӣ ба даср мешавад. Аз 10:00 то 11:30 дарси асосӣ, яъне ихтисосӣ. Аз 11:30 то 12:00 танаффус аст. Аз соати 12:00 то 13:30 дарсе дорем, ки танҳо ва танҳо бо гӯш кардану қувваи фаҳмишу шунавоиро зиёд кардан вобаста аст. Боз рӯзҳои дигар дар соатҳои 12:00-13:30 дарсҳои хондан, суҳбат, рақс, суруд ва дигаронро меомӯзонем. Ҳар шаб аз соати 20:00 то 22:00 дар ҷойи махсуси дарстайёркунӣ вазифаҳои хонагиро омода мекунем.

– Масъалаи хобгоҳ ва стипендия чӣ гуна аст?

– Бисёр хуб. Дар хобгоб дар як ҳуҷра ду нафар меистем. Стипендия 2500 юан (зиёда аз 3777 сомонӣ) мебошад.

– Аз 2500 юан чанд пулашро истифода мебарӣ ё умуман мерасад?

– Ҳар қадар, ки истифода барам ҳам то 1000 юан сарф мекунам. Пули боқимондаро кам-кам ба хона равон мекунам ва баъзан чизҳои лозимаамро мехарам. Масалан, суратгираку ноутбук харидам.

– Рӯзҳои истироҳатиро чӣ гуна мегузаронӣ?

– Бисёртар тамошо мебароем. Ҷойҳои надидаамонро мебинем ва бисёр вақт дар китобхонаву хобгоҳ мегузаронем.

Фарқияти таҳсил дар Тоҷикистону Хитой

– Ту нафаре ҳастӣ, ки ҳам дар мактаби олии Тоҷикистон ва ҳам дар Чин таҳсил кардаву таҳсил дорӣ, фарқиятҳои таълимро метавонӣ ба мо бигӯйӣ?

– Барои ман усули дарс ва системае, ки дар донишгоҳи Хитой амал мекунад як не, балки даҳ маротиба ва ҳатто зиёдтар аз усули таълими донишкадаю донишгоҳҳои Тоҷикистон хубтар аст. Ин фикри ман аст. Дар Хитой пеш аз ҳама донишҷӯ дар ҳақиқат донишҷӯ аст. Инро усули таълим муаяйн мекунад. Дар системаи таълим фарқиятҳо миёни Тоҷикистону Хитой хеле зиёданд. Барои мисол, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон агар донишҷӯ кори мустақилона ва ё вазифаи дигареро, ки устодон супориш медиҳанд иҷро накунад аксар муаллимон ӯро ҷанг мекунанд, назди ҳамкурсон танбеҳ медиҳанд, ҳатто аз дарс меронанд. Аммо дар Хитой ин тарз нест. Дар майнаи сари ҳама як чиз хуб ҷо гирифтааст: ҳар нафар барои худаш мехонад. Дар дарс муаллим монанди узви ҷудонашавандаи оила аст, аммо дар имтиҳонот гӯё ки бори аввал бо донишҷӯ вомехӯрад. Ин омил ва омилҳои дигар сабаб мешаванд, ки танбалтарин нафари дар аудитория менишаста ҳам китобхону китобдӯст гардад.

Чизи муҳими дигар ин аст, ки дар мактаби олӣ мо зоҳирпарастӣ намекунем. Ҳеҷ кас ба сару либоси дигаре кордор намешавад.

Ҳоло, ки зиёда аз 9 моҳ мешавад дар Тоҷикистон ҳастӣ, ба чӣ корҳо машғулӣ?

– Ман 3-4 сол мешавад, ки шуғли суратгирӣ дорам. Сурат гирифтани манзараҳоро, махсус мавзеъҳои нотакрори Ватанро дӯст медорам. Ҳоло баъзан сурат гирифта дар Инстаграму Фейсбук мегузорам ва аз ин баъзан муштариён пайдо шудаву ба фотоссесияҳо даъват мекунанд. Яъне кори суратгирӣ-операторӣ карда истодаам.

Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Skip to toolbar