logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Доналд Трамп савганд ёд кард ва президенти ИМА шуд

Трамп гуфт, "асри тиллоии Амрико" оғоз шуд, он аз ҳамин рӯз "рушд хоҳад кард" ва ҳамаи кишварҳо ба Амрико "ҳасад хоҳанд бурд".

Your tj

09:1221.01.2025

Доналд Трамп савганд ёд кард ва президенти ИМА шуд

Доналд Трамп савганд ёд кард ва расман президенти 47-уми ИМА шуд. Ҳамчунин, ноиби президенти интихобшуда Ҷей Ди Вэнс савганд ёд кард.

Тибқи Конститутсияи ИМА, президентии Ҷо Байден соати 12:00 бо вақти Вашингтон ба охир расид ва аз ҳамин лаҳза Трамп ба кор шурӯъ кард. Ин барои ӯ дуввумин маросими савгандёдкунӣ аст. Доналд Трамп дар солҳои 2017-2021 президенти 45-уми ИМА буд.

«Ман бо тантана қасам мехӯрам, ки вазифаи президенти Иёлоти Муттаҳидаро софдилона иҷро мекунам ва барои ҳифз, ҳимоя ва пойдории Конститутсияи Иёлоти Муттаҳида ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам»,- гуфт Трамп ҳангоми савгандёдкунӣ, хабар медиҳад Current Time.

Дар сомонаи Кохи сафед пас аз ба кор оғоз кардани Трамп акси ӯ бо имзои «Амрико бозгашт» нашр шуд.

«Асри тиллоии Амрико аз ҳоли ҳозир оғоз мешавад, аз ҳамин рӯз мо рушд хоҳем кард ва ҳамаи кишварҳо ба мо ҳасад хоҳанд бурд»,- гуфт Трамп дар аввалин суханронии худ дар мақоми президенти 47-уми ИМА.

Ӯ, инчунин дар марз бо Мексика ҳолати фавқулодда эълон кард. Трамп изҳор дошт, ки нерӯҳои Гвардияи миллӣ ба он ҷо фиристода мешаванд ва картелҳо ҳамчун созмонҳои террористӣ эътироф карда мешаванд.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои амрикоӣ, Трамп аввалин президенти интихобшуда дар тӯли беш аз як аср аст, ки роҳбарони хориҷиро ба маросими савгандёдкунӣ даъват кардааст. Таърихан, ба ин чорабинӣ танҳо дипломатҳо ва сафирон ташриф меоварданд.

Дар байни роҳбарони хориҷии даъватшуда сарвазири Италия Ҷорҷ Мелони ва президенти Аргентина Хавер Милей низ буданд. Инчунин дар ин маросим президентҳои собиқи ИМА Ҷо Байден, Билл Клинтон, Барак Обама ва Ҷорҷ Буши хурдӣ, соҳибкорон Ҷефф Безос, Тим Кук, Илон Маск ва дигарон ҳузур доштанд.

Комментарии (0)

Читайте также

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

1 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

4 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

4 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

5 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

5 дня назад