Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:0718.04.2022
Сафорати Русия дар Душанбе гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд бо роҳи заминӣ аз Қазоқистон вориди қаламрави Русия шаванд. Ҳукумати Қазоқистон қаблан эълон карда буд, ки аз 11-уми апрели имсол роҳи заминии кишвараш бо Русия боз шуд.
Сафорат дар изҳороте дар Telegram гуфтааст, вуруди озод ба Русия тавассути гузаргоҳҳои заминӣ дар марз бо Қазоқистон, танҳо барои шаҳрвандони Русия ва Қазоқистон имконпазир аст.
Бино бар он, убури шаҳрвандони кишварҳои севум, аз ҷумла Тоҷикистон, аз Қазоқистон ба Русия танҳо дар баъзе мавридҳо, дар сурати мавҷуд будани асосҳои иловагӣ мумкин мебошад:
Бар пояи ин изҳороти сафорати Русия, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути роҳҳои заминӣ танҳо то ба Қазоқистон раванд. Қазоқистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавассути марзҳои заминияш имкон медиҳад, ки аз он кишвар ба давлатҳои дигар раванд, ба шарте ки кишвари дигар ба ин шаҳрвандон иҷозаи вуруд бидиҳад.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд дар натиҷаи як санҷиш дар ноҳияи Файзобод қонуншиканиҳои зиёдеро дар самти тақсим ва истифодаи замин ошкор карда, нисбати ду мансабдори ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бораи Додситонӣ дар сайти худ матлабе нашр кардааст.
Додситонӣ навиштаст, ки “раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳаргуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда додааст”.
Ин ниҳод гуфтааст, раиси ноҳия аз ҷумла, солҳои 2019-2020 бо 4 қарори ноҳия 0,43 гектар замини таъиноти кишоварзиро ғайриқонунӣ ба 4 шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додааст.
Ба ғайр аз ин, раиси ноҳия дар ин давра бо 3 қарори худ майдони 1 гектар заминҳои нақлиёти ноҳия, ки ба корхонаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тааллуқ дошт ба 11 нафар ва майдони 0,26 гектар замини солимгардонӣ, ки ба шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия тааллуқ дошт ба 2 нафар барои сохтмони манзили истиқоматӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда додааст, - менависад Додситонии кул.
Аз 21 май ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines бо хатсайри Душанбе-Истанбул дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон.
“Аз 21 май ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines аз Душанбе ба Истанбул ва бозгашт аз он дар як ҳафта се парвоз - анҷом медиҳад - рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе аз Душанбе ба Истанбул ва рӯзҳои якшанбе, чоршанбе ва ҷумъа - аз Истанбул ба Душанбе. Вақти парвоз аз Душанбе соати 05:25 ва аз Истанбул ба Душанбе - соати 20:45 бо вақти маҳаллӣ”, - гуфтанд дар ширкат.
Дар сомонаи расмии Turkish Airlines нархи билет ба хатсайри рӯзи 21 май ба самти Душанбе-Истанбул 300 доллар билети дараҷаи эконом-класс ва 1 ҳазору 48 доллар дараҷаи бизнес-класс муқаррар шудааст. Дар бозгашт билетҳо мутаносибан 395 доллар ва 1 ҳазору 169 доллар нарх доранд.
Раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода аз хонаводаи сарбози дар марз кушташуда дидан кард.
Бар хабари котиботи раиси вилояти Хатлон, Ҳакимзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хонаи сарбози кушташуда рафт ва аз ҳолу аҳволи волидонаш бохабар шуд.
Манбаъ меафзояд, раиси вилоят ба падар ва модари Сунатулло Маҳмадов изҳори ҳамдардӣ намуда, зикр кард, ки корнамоии ӯ барои ҳазорон ҷавони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардист.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 10-уми март дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ як марзбони тоҷик Сунатулло Маҳмадов кушта шуд.
Чанде пеш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мактабе, ки дар он Маҳмадов таҳсил мекард, ба номаш гузошта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки марҳум ду сол қабл ба хидмат дар артиш ҷалб шуд ва соли равон бояд муҳлати хидматаш ба поён мерасид.
Дар ҳамин ҳол, бегоҳи рӯзи 12 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпаронӣ сурат гирифт ва ин навбат ҳам сабози 27 - сола, Зоир Саидумаров қурбони таниши марзӣ шуд.
685 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
8 часов назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
5 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 дня назад