Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандонашон ба корҳои ҳатмӣ ҷалб кард. Ба ҳар яке мутаносибан 200 ва 220 соат корҳои ҳатмӣ таъйин шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, яке аз волидайн, ки М.С.П. ном бурда шудааст, аз моҳи декабри соли 2017 то декабри соли 2025 барои таҳсили духтари 17-солааш монеъ шуда, ӯ аз барномаи таълимӣ 8466 соат дур мондааст. Волидайни дигар, бо номи С.С.С. аз сентябри соли 2022 то январи соли 2026 фарзанди ноболиғашро аз таҳсил боз дошта, ӯ 3352 соат (639 рӯз) дарсҳоро аз даст додааст.
Гуфта мешавад, ҳарду ҳолат бо муҳоҷирати меҳнатии оилаҳо ба Русия марбут буда, кӯдакон пас аз хатми синфҳои 3 ва 5 таҳсилро идома надодаанд.
Додгоҳ волидайнро тибқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст. Ҳоло ҳарду ноболиғ дубора ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ба иттилои расмӣ, соли гузашта барои аз таҳсил дур кардани кӯдакон нисбати волидайн 331 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, беш аз 9 ҳазор хонандаи тоҷик аз Русия ба ватан баргашта, ба мактаб ҷалб шудаанд.
