fbpx

Додгоҳи Хатлон ба шахси духтараки 9-соларо дар Хуросон таҷовуз ва қатл карда, ҳукми абад дод

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Азия-Плюс

Додгоҳи Хатлон ба шахси духтараки 9-соларо дар Хуросон таҷовуз ва қатл карда, ҳукми абад дод  

Додгоҳи вилояти Хатлон қотили духтураки 9-сола  дар ноҳияи Хуросон Рустам Болтахоновро ба ҳабси абад маҳкум кард. Шамсулло Яҳёзода мушовири раиси Додгоҳи вилояти Хатлон, раискунандаи ин муроифа ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки имрӯз 23-юми  ноябри соли 2021 додгоҳ ҳукми Рустам Болтахоновро эълон кард.

“Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи Рустам Болтахонов дар таҷовуз ва куштори духтари ноболиғ сокини ноҳияи Хуросон бо се модаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 104 (одамкушӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 139 (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) исботи худро ёфт. Додгоҳ бо ин се модда Рустам Болтахоновро гунаҳкор дониста, бо маҷмуъи ҷазоҳо ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Баъди қувваи қонуни гирифтани ҳукми додгоҳ Рустам Болтахонов ба муассисаи ислоҳии  низомаш махсус фиристода хоҳад шуд”,- гуфт Яҳёзода.

Ёдрас мекунем, ки  нимаи рӯзи 16-уми август, вақте М.Б., духтари 9-сола аз роҳ мегузаштааст, Рустам Болтахонов, сокини деҳаи Меҳнати ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон ӯро бо роҳи фиреб ба хонааш дароварда, ба номусаш таҷовуз ва қатл мекунад.

UNHCR гуфт, бо Тоҷикистон дар бораи боз кардани марз ба рӯи паноҳандагони афғон музокира доранд

Дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мухолифи баста шудани марзҳои Тоҷикистон ба рӯи паноҳандагони афғон аст. Ҷараёни расидагӣ ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр дар як нишасти хабарии раҳбарияти UNHCR дар Душанбе матраҳ шуд.

Ханс Фридрик Шоддер, намояндаи UNHCR дар Осиёи Миёна дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки феълан дар Тоҷикистон 12 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ қарор доранд, ки шаш ҳазори онҳо дар аввали сол тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон омаданд.

Ин масъули UNHCR афзуд, ҳоло бо мақомоти тоҷик дар бораи боз кардани марзҳо музокирот доранд, зеро тибқи муқаррароти байналмилӣ ва бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ҳар кишвар вазифадор аст, ки паноҳҷӯёнро бипазирад. Аммо ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки ҳар кишвар ихтиёр дорад, ки паноҳандагонро қабул кунад ё не.

Ӯ гуфт, ки аз мақомоти тоҷик хостанд, ки аз бозгардонидани паноҳҷӯёни афғон ба кишварашон худдорӣ кунанд. UNHCR ҳафтаи гузашта хабар дод, ки мақомот дар Тоҷикистон 11 ноябр 11 нафар – мардон, занон ва кӯдаконро ба Афғонистон “зӯран баргардониданд”.

Коҳиши назарраси интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябр

Тоҷикистон интиқоли барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябри соли равон қариб 10 баробар кам кард, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Моҳи сипаришуда аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1,8 млн доллар барқ содир шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи сентябр ин маблағ ҳудуди 17 млн долларро ташкил медод.

Содироти барқ аз Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020, ки ба 2 млн доллар баробар буд, низ коҳиш ёфтааст.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи умумии наздики 91,3 млн доллар барқ интиқол ёфтааст, ки 82% зиёдтар нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли гузашта мебошад.

Маҷаллаи “Glamour” Манижаро сарояндаи сол эълон кард

Овозхони тоҷиктабори муқими Русия Манижа Сангин барандаи ҷоизаи “Сарояндаи сол” аз ҷониби маҷаллаи “Glamour” дониста шуд.

Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон дар раъйдиҳие, ки дар сомонаи “Glamour.ru” ташкил шуда буд, аз рақибонаш ба мисли Земфира, Мэри Гу, Мари Краймбрери ва Анна Асти гузашт.

“Зани сол” актриса ва ходими ҷамъиятӣ Чулпон Хаматова гардид. Ӯ барои нақшофарӣ дар филми “Сахаров. Ду зиндагӣ”, инчунин барои саҳмаш дар Бунёди “Ҳаёт деҳа”, ки ба фаъолияти хайриявӣ машғул аст, ҷоиза гирифт.

Дар ҳамин ҳол қаблан довталаби аслии ҷоизаи асосиро Ҷулия Пересилд медонистанд, ки ба кайҳон парвоз карда буд.

Ёдовар мешавем, Манижа, сафири Русия дар СММ дар умури паноҳандагон ин кишварро дар озмуни “Eurovision – 2021” намояндагӣ кард, ки ҷои нуҳумро гирифт.

Фурӯшандае дар Хуҷанд ба ниёзмандон меваву сабзавоти ройгон медиҳад

Дар ҳоле, ки тоҷирон аз камхаридор шудани молу маҳсулот ва харидорон аз гаронии маҳсулот шикоят мекунанд, як фурӯшандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд гӯшаи “Хайриявӣ ба муҳтоҷон”-ро созмон дод.

Ин гӯшаи хайриявиро Бахтиёр Нуриддинов як тоҷири навкори 30-сола дар назди дӯконаш ташкил кард ва ҳамарӯза ба ниёзмандон пиёз, сабзиву шалғам, себу анор ва дигар анвои сабзавоту меваҷоти ройгон медиҳад.

“Дар ин дӯкон ду кас кор мекунем, аз се ҳиссаи фоида, як ҳиссаи фоидаро ман, ҳиссаи дигарро ҳамроҳам ва ҳиссаи сеюмро дар роҳи хайр сарф мекунем. Аз ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, ки савдо мекунем, кам-кам дар ин гӯша мегузорем. Одамоне, ки шароити вазнини зиндагӣ доранд ройгон гирифта мераванд”, – мегӯяд гуфтааст Бахтиёр.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend