Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Юсуф Мирзоевро дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, қаблан додситон барои ин афсар 11 соли зиндон талаб карда буд. Ҳукми додгоҳ ҳафтаи гузашта содир шудааст. Мавқеи худи маҳкумшуда ва вакили дифоаш дар робита ба қарори додгоҳ маълум нест.
Сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода 20 сола, дар моҳи апрели соли 2025 аз шаҳри Панҷакент ба артиш ҷалб шуда, ҳашт моҳ дар қисми марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хизмат кард. Ӯмоҳи декабри соли 2025 аз қисми ҳарбии воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид шуда, баъд аз тақрибан якуним моҳ ҷасадаш аз дарёи Панҷ пайдо гардидааст.
Наздикони сарбози фавтида, аз ҷумла хоҳараш Меҳрафрӯз Ҷӯразода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ният доранд ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.
Ба гуфтаи онҳо, Шоҳдил қабл аз ҳодиса аз вазъи хизмат шикоят доштааст ва миёни ӯ ва Юсуф Мирзоев сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Шоҳон” ихтилофҳо ба вуҷуд омадааст.
Тибқи иттилои додгоҳ, Юсуф Мирзоев бо моддаи 391 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ — “суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст” гунаҳкор дониста шудааст. Ин модда аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Тибқи маълумоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон, танҳо дар соли 2023 дар Тоҷикистон 40 ҳолати марги сарбозон сабт шудааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, 8 маврид худкушӣ буда, 6 кас аз беморӣ фавтидаанд.
