fbpx

Дирӯз дар Тоҷикистон ҳашт зилзила сабт шудааст. КҲФ: Сабабе ба ташвишу изтироб нест!

Дар кӯли Сарез ягон тағйирот нашудааст ва ҷойи ташвиш нест.


0
ҳашт заминҷумбӣ дар Тоҷикистон дар як рӯз
Намогирифт аз сабти зилзилаи нахустини рӯзи 23-юми феврал

Заминларзаҳои пайдарпайе, ки дирӯз, 23 – юми феврал Тоҷикистонро такон доданд, хушбахтона талафоти ҷониву хисороти молӣ надоштанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дирӯз дар қаламрави кишвар 8 зилзила сабт шудааст. Маркази заминҷумбиҳо дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ будааст.

Нахустин ҷумбиши замин соати 5:37 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази он дар 67 км ғарби ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқи кӯли Сарез буд. Зилзила аз рӯйи магнитудаи 6,8 дар маркази он буд, ки дар умқи заминларза 20,5 км ба амал омад.

Ба таъкиди КҲФ заминларза ба вазъият дар кӯли Сарез воқеъ дар кӯҳистони Бадахшон таъсире нарасонидааст. Далеле барои ташвишу изтироб нест.

Дар шаҳри Хоруғ қувваи зилзила 5 – 6 ва дар Душанбе 2 – 3 балл будааст.

Ба иттилои КҲФ заминҷунбии аввал чанд пасларза дар пай дошт. Аз ҷумла соати 05:55 бо вақти маҳаллӣ дар 86 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб замин бо қувваи 5 балл такон хӯрд, ки умқи он 10 км буд.

Дар идома соати 06:06 дақиқа бо вақти маҳаллӣ маркази заминларзаи дигар 103 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб бо қувваи он 4,6 балл ва дар умқи 10 км рух дод.

Сипас соати 06:36 вақти маҳаллӣ заминларзаи дигар дар 60 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб бо нерӯи 4,9 балл дар умқи 10 км ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳамин тартиб чор заминҷунбии дигар аз соати 07:07 то 13:01 бо вақти маҳаллӣ дар ноҳияи Мурғоб бо қувваи 4,5 балл то 4,8 балл ва дар умқи 10 км рух дод.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки маркази ҳамаи ин заминларзаҳо дар кӯҳҳо ва маконҳои беодаму дур аз минтақаҳои маскунии ноҳияи Мурғоб ва кӯли Сарез воқеъ буданд.

Кӯли Сарез дар Тоҷикистон
Акс аз интернет: Кӯли Сарез

Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки шабакаи назорат ва огоҳсозии хатар дар кӯли Сарез фаъол буда, ягон ҷунбише ё тағйироте дар вазъияти ин кӯл ба қайд гирифта нашудааст.

Бахусус маҷрои оби вурудӣ ва масрафи он дар кӯли Сарез бетағйир аст. Яъне ҳаҷми маҷрои оби вурудӣ 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мукааб дар як сония мебошад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, аммо дар сарбанди табии кӯли Сарез ягон тағйирот ба вуҷуд наомад.

Кӯли Сарез, ки бо номи “Аждаҳои хуфта” низ ном мебаранд, моҳи феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи шадид ва афтодани кӯҳпора бар сари маҷрои рӯди Мурғоб дар қалби кӯҳҳои Бадахшон ба вуҷуд омадааст.

Ин кӯл дар баландии 3250 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, 62 км дарозӣ, 3,3 км паҳноӣ дошта, ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукааб ва вазнаш ба ҳисоби миёна 19 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Ба назари бархе донишмандон, дар сурати рахнаи садди кӯли Сарез, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зери об монда, ҳудуди 5 миллион аҳолии ин кишварҳо зарар хоҳанд дид.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend