Декрет монеа нест. Чӣ гуна муаллимае блоги омӯзишии забони англисӣ фаъол кард

Дилором Ниёзова модари ду фарзанд аст ва 3 сол боз дар рухсатии декретӣ мебошад. Аммо хона нишастан барояш ҳеҷ гоҳ монеа нашуд. Ӯ ба шогирдон забони англисӣ меомӯзонад, ҳамзамон, кори блогро пеш бурда, ба занони дигар нишон медиҳад, ки вақтро чӣ сон бояд самаранок истифода бурд. Аз оғози соли ҷорӣ вай дар Instagram бо номи @english_profile.tj блог фаъол кард.

Муаллифи Your.tj бо Дилором Ниёзова дар хусуси чӣ гуна дар рухсатии декретӣ будану фаъол кардани блоги омӯзишӣ, тарзи дурусти омӯзиши забон ва бе ягон тарс рӯ овардан ба таҷрибаҳои нав ҳамсуҳбат шуд.

Чӣ гуна Дилором муаллима шуд?

Дилором Ниёзова дар мактаби олӣ таҷрибаи омӯзгорӣ дорад. Аз рӯзи аввали кор дар ин соҳа ва то ҳол кӯшиш мекунад, ки барои шогирдон муаллими хуб бошад. Аммо аҷиб аст, ки ӯ дар овони ҷавонӣ орзуи муаллим шудан надошт, балки  барномасоз шудан мехост. Вале сарнавишт ӯро ба соҳаи омӯзгорӣ овард.

– Ҳангоми хонандаи мактаб будан ба фанҳои алгебра ва технологияи иттилоотӣ рағбати зиёд доштам. Мехостам, ки барномасоз шавам. Вале падарам хостанд, ки омӯзгори забони англисӣ шавам. Сухани падарамро гӯш карда, ихтисоси омӯзгори забони хориҷиро интихоб кардам. Алҳол, бо боварӣ мегӯям, ки хато накардам. Аз доштани касби имрӯзаам хурсандам. Акнун фаҳмидам, ки волидайн моро аз худамон дида беҳтар медонистаанд, – нақл кард Дилором.

Муаллими хуб бояд чӣ гуна бошад?

Ба назари Дилором, омӯзгори хуб ҳамонест, ки шавқу рағбати шогирдонро ба омӯзиш бедор карда метавонад. Ӯ ба забономӯзон мефаҳмонад, ки барои омӯхтани забон хоҳишу заҳматписандӣ лозим асту бас. Вай дар таълим роҳи осону фаҳмо омӯзонданро беҳтар медонад. Лекин вақте мебинад, ки шогирдаш натиҷа ба даст намеорад, сахтгир низ мешавад.

“Сахтгирии омӯзгор на ба он сатҳе бояд бошад, ки толибилм аз вай тарсад. Агар онҳо аз муллим тарс дошта бошанд ҳам,  дарсро хуб аз худ карда наметавонанд. Мекӯшам, ки хонандагонам дар дарсҳо озоду худбовар бошанд. Бо хонандагон мавридшиносона ҳамчун волидайн бояд рафтор кард”, – усули дарсдиҳии худро фаҳмонид ҳамсуҳбати мо.

“Шавҳарам гуфт, ки блоги фоидаовар фаъол кунам”

Қаҳрамони мо дар вақти холигияш аз шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои омӯзишӣ, ки барои забономӯзон таҳия мешавад, зиёд тамошо мекард. Бо ин роҳ аз забони муосири англисӣ, ки дар Instagram бисёр таблиғ мешавад, огоҳ мешуд.

– Рӯзе шавҳарам ғайриинтизор гуфтанд: “Ту ҳам метавонӣ, ки ҳамин хел видеоҳои дарсӣ ва фоидаовар сабт карда, дар саҳифаи худат монӣ. Ин кор аз дастат меояд, фикр кун. Ман ҳаракат мекунам, ки ёрӣ диҳам”. Пешниҳод маъқул шуд, ҳамин тавр оҳиста-оҳиста оғоз кардам, – таърихи пайдо шудани идеяи блогашро нақл кард Дилором.

Дарёфти вақти холӣ барои зани ҷавоне, ки соҳиби 2 фарзанд аст, мушкил аст. Бар замми ин, дарс додан ба чанд талаба дар хона вақти зиёдро мехоҳад. Новобаста ба ин, Дилором барои сабти муҳтаво вақт меёбад.

– Ҳаракат мекунам, ҳангоме ки кӯдаконам хобанд, наворҳоямро сабт кунам. Дар баъзе наворҳо ҳатто овози онҳоро шунидан мумкин аст. Умедворам, ки аудитория маро  дуруст дарк мекунанд. Дигар илоҷ надорам, – бо эҳсоси ноҳинҷорӣ гуфт модари ҷавон .

 “Мавзӯъ ва идея бисёр, аммо…”

Вақте Дилором дар хона ба шогирдонаш дарс мегӯяд, мавзӯъ  барои муҳтаво дар Instagram худ аз худ пайдо мешавад. Дарси навро ба шогирдон тариқи методҳои интерактивӣ фаҳмонида, ба саволҳои зиёди онҳо ҷавоб мегӯяд. Посухи ба онҳо додаашро дар шакли навор барои рилс низ тайёр мекунад.

 “Боз мухотабон дар паёмакҳо хоҳшмандона менависанд, ки фалон мавзӯъро фаҳмонед. Чунин муроҷиатҳои онҳо бароям идея  шуда метавоанд. Аз китобҳо ва интернет низ мавзъҳои шавқоварро пайдо мекунам”, – фаҳмонид вай.

Блогнависро барои сабти наворҳо дар мавзӯи таомҳо, хариду фурӯш ва ғайра зарур меояд, ки макони хубро ёбад. Масалан, Дилором низ барои зинда баромадани наворҳо мехоҳад, ки дар ягон тарабхона, мағоза ва ё бозор муҳтаворо ба навор гирад. Лекин тавре мегӯяд, ҳоло барои ин хоҳишаш шароит ва вақти кофӣ надорад.

“Эродҳоро вақте қабул мекунам, ки…”

Ҳамсуҳбати мо нав дарк кард, ки пеш бурдани кори блог кори он қадар осон ҳам набудааст. Аз рӯйи фаҳмиши вай, барои муаллим + блогнавис вақт, таҷҳизоти техникӣ, дарёфти ҷойи сабт ва аз ҳама муҳимтар, аҳамият надодан ба баъзе эродҳои сатҳӣ хеле зарур будааст.

– Баъзе вақт дар зери наворҳои ман шарҳҳои гуногун менависанд. Кош онҳо баҳси солим мебуд, агар дар наворҳоям аз лиҳози илми забоншиносӣ хатоӣ рафта бошад,  бо ҷону дил қабул мекунам.Аммо дар шарҳ сухани қабеҳу дашном нависанд, як каме руҳафтода мешавам.

Шукр, ки шавҳарам доимо дилбардорӣ мекунанд. Мегӯянд, ки аҳамият надеҳ, ҳамаи одамон дилсоф нестанд. Агар занро шавҳар, падару модар ҳамеша дастгирӣ кунад, ягон мушкилӣ садди роҳаш намешавад, – иброз дошт блогнавис.

Чаро наврасону ҷавонони тоҷик забони англисиро хуб омӯхта наметавонанд? 

Дилором Ниёзова бар ин фикр аст, ки дар мактабҳо вақти дарс ҳамагӣ 45 дақиқа аст. Ин ба муаллим имкон намедиҳад, ки бо ҳар хонанда суҳбат карда, вазифаҳои додаашро пурсон шавад. Ӯ ҳамчунин муҳити солими хонаводагиро низ барои забономӯзӣ муҳим мешуморад.

“Аз таҷрибаам гуфта метавонам,  агар волидон забономӯзии фарзандонро таҳти назорат гиранд, онҳо забонро хубтару беҳтар аз худ мекунад. Таҳлил кардам, ки аудиторияи блоги  ман, асосан, ҷавонон ва заноне ҳастанд, ки мехоҳанд забон омӯзанд, аммо ба худ бовариву имкониятро ёфта наметавонанд.

Имрӯз  ҷавонони тоҷик майли зиёди  рафтан ба муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои англисизабон доранд. Мутаассифона, бештарини онҳо забони англисиро намедонанд. Барояшон гуфтаниям, ки барои омӯхтани забон асло дер намешавад. Муҳим дар оғоз кардан мебошад” , – бовар дорад муаллими забони англисӣ.

Зан донишманд – ҷомеаи донишманд

Қаҳрамони мо шарҳ дод, ки ҳанӯз дар аввалин қадами фаъол сохтани блоги омӯзишӣ чӣ ҳадаф дошт.

– Мақсади асосии блог, пеш аз ҳама, ба дастгирии заноне нигаронида шудааст, ки хонашин ҳастанду дастрасӣ ба интернет доранд ва вақти зиёдашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё тамошои наворҳои беманфиат сипарӣ мекунанд.

Талош меварзам, ки онҳоро ба истифодаи самараноки вақт, омӯзиши забони англисӣ ва рушди шахсӣ роҳнамоӣ созам. Беҳуда нагуфтаанд, ки барои омӯзиш ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Агар зан донишманд бошад, ҷомеа низ донишманд мегардад, – хулоса кард Дилором.

Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj

Skip to toolbar