fbpx

Давраи навбатии вохӯрии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе ба анҷом расид

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points
Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе
Акс аз АКИпресс

Супориши вазири мудофиа ба комиссарони ҳарбӣ барои ҳамкорӣ бо мардум дар давраи даъвати ҳарбӣ

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар ҷаласаи пеш аз даъват ба хидмати ҳарбӣ ба комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ супориш додааст, ки бо ҷавонони синни даъватӣ ва волидони онҳо ҳамкорӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин ҷараёни даъвати соли сипаришударо баррасӣ кардааст, хабар медиҳад Вазорати дифои Тоҷикистон.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Вазорати дифоъ

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомаде, ки дирӯз, 15-уми март, бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, дар асоси Қонун “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” иҷрои талаботи фармони президент аз 1-уми марти соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Дар доираи таҳлилу натиҷагирӣ аз чорабиниҳои даъватии соли сипаригашта қайд карда шуд, ки дар радифи як қатор комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад”, – зикр мегардад дар сомонаи вазорат.

Таъкид мегардад, ки барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдойдошта Шералӣ Мирзо супориш дод, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ, баҳри хуб гузаштани даъват, пеш аз ҳама ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо ба роҳ монанд.

Шералӣ Мирзо барои дақиқан муайян кардани теъдоди захираҳои сафарбарӣ ва пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба масъулин супоришҳои вижа додааст.

Ҳамчунин, вазири дифоъ супориш додаст, ки масъулин дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботӣ гузаронанд.

Дастурӣ ҳамкорӣ бо мардуми вазири дифоъ дар ҳолест, ки ҳамасола бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Давраи навбатии вохӯрии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе ба анҷом расид

Имрӯз дар Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону ва Қирғизистон оид ба таъйин аломатгузории сарҳад ба охир расид.

Гуфтушуниди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон
Акс аз АКИпресс

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳҳо корро аз 10 март оғоз карда буданд.

Тавре ки АКИпресс бо истинод ба хадамоти матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур протоколи дахлдор ба имзо расидааст.

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ маълумот дода намешавад. Танҳо гуфта мешавад, вохӯрии навбатӣ дар қаламрави Қирғизистон доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ТАСС, ба ҳайати гурӯҳи кории Қирғизистон дар вохӯрии мазкур таҳти сарварии намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масоили марзӣ Назирбек Борубаев 15 нафар шомил буданд.

Ахиран ин вохӯрии 8-уми ҷонибҳо буда, қаблан Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки дар соли 2022 дар доираи кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои корӣ бо намояндагони Қирғизистон 7 ҷаласа баргузор намуданд.

Бо ишора ба тавофуқи дуҷониба дар бораи ифшо накардани маълумот то анҷоми гуфтушунидҳо, ҳар ду тараф аз натиҷаҳои ҳосилшуда ин ҷаласаҳо маълумот намедиҳанд.

Қурбониёни обхезиҳо дар Туркия ба 13 нафар расид

Қурбониёни селу обхезӣ дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия то 13 нафар афзуданд.

Тавре ки шабакаи телевизионии Habertürk хабар медиҳад, боз чандин нафар бе ному нишон гум шудаанд.

Селу обхезиҳо дар Туркия
Акс аз haberturk.com

Обхезӣ дар вилояти Шанлиурфаи Туркия, ки қаблан аз заминларзаҳои ахир осеб дида буд, борони шадидро ба бор овард. Дар оин ҷо беморхонаро об зер карда, машғулият дар мактабҳо боздошта шуд.

Боришот дар вилоятҳои Адияман ва Шанлиурфа рӯзи душанбе оғоз гардида, сатҳи он дар як метри мураббаъ то ба 200 мм расид. Дар натиҷа ба шаҳрҳо селу лойқа фаромад.

Гуфта мешавад, об ба ҳама чизи дар сари роҳаш буда осеб расонидаву бо худ мебарад – мошину дарахтон, биноҳои хурд ва ғайра. Имдодгарон ба ҷустуҷӯи одамон идома медиҳанд.

Оғози моҳи Рамазон расман эълон гардид

Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аз 23 – юми март оғоз мегардад. Қарори мазкур дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои кишвар эълон гардид.

Эълони оғози моҳи шарифи Рамазон
Акс аз сомонаи tj.habarho.com

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки тибқи далелҳои илмӣ, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 23 – юми март фаро мерасад.

Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 32 ҳазор сомонӣ, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи авали моҳи апрел оғоз гардида буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend