Нисбати як сокини 62-солаи ноҳияи Данғара, ки ба иттилои ВКД, дар ҷанозаи ҳамдеҳааш талаб намудааст, ки “марҳум аз ӯ 8 ҳазор сомонӣ қарздор будааст”, парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.
Манбаъ менависад, ин ҳодиса рӯзи 20-уми октябр дар маросими ҷанозаи сокини 72-солаи ноҳия рух додааст. Писари марҳум, марди 40-сола, ба милитсия муроҷиат карда гуфтааст, ки ин шахс овозаҳои бардурӯғ паҳн намуда, сари роҳи тобут истода маблағро талаб кардааст.
Бо моддаи 250 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ (Тамаъҷӯӣ) нисбати марди 62-сола парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Барои ин амал аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ мегардад.
Назари гумонбар ба ин қазия дастрас нест.
