fbpx

Давлатманд Холовро дар Лучоб ба хок месупоранд

Ҷанозаи марҳум, имрӯз, 19-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


0
Ҳунарманди фалаксарои тоҷик аз олам даргузашт
Давлатманд Холов

Давлатманд Холов – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик дар синни 74-солагӣ шаби гузашта, 18-уми феврал аз олам даргузашт. Ӯ вақтҳои охир бемор буд ва дар Русия табобат мегирифт.

Маросими ҷанозаи Давлатманд Холов имрӯз дар Масҷиди марказии Тоҷикистон (масҷиди назди Донишкадаи исломӣ, қариби чойхонаи “Роҳат”) баргузор шуда, ба иттилои аз Вазорати фарҳанг дастрасгардида, ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.

Давлатманд Холов соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ордени “Шараф” дараҷаи I, Ордени “Дӯстӣ” ва Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Фаронса буд.

Ӯ 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст.

Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии “Коммунизм”-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома медиҳад.

Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад. Баъди хатми он ба Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба кор меояд.

20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли давлатии “Фалак” таъсис ёфт.

Аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст. Ҳунарманд, инчунин ба ҳайси омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кор кардааст.

Дар тӯли фаъолияти эҷодияш ӯ қариб ба 100 кишвари ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ анҷом дода, санъати миллиро муаррифӣ кардааст.

Аҳли кормандони Your.tj аз даргузашти ҳунарманди нотакрор андӯҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум ва тамоми дӯстдорони санъати миллӣ ҳамдардӣ баён мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend