Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% иҷро гардид.
Нақша рӯзи 16-уми ноябр дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз мӯҳлат ва дар сатҳи зарурӣ сад фоиз иҷро гардид, хабар медиҳад Вазорати мудофиаи кишвар.
Вале гуфта мешавад, барои баррасии муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи ноябр идома меёбад.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиа имсол шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ зиёд буд.
“Бештари довталабони хизмати ҳарбиро ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа, ки асосан мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Қувваҳои Мусаллаҳ омода менамояд, ташкил медиҳанд”, – иттлоъ медиҳад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соле ду маротиба даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27 сола барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои муссалаҳ баргузор мегардад.