Даъвати тирамоҳӣ анҷом ёфт, вале даъват ба комиссариатҳои маҳаллӣ идома мекунад

Мақомот дар давоми ин муддат вуҷуди сарбозшикорӣ ё “облава” – ро рад мекарданд. Вале давоми ду моҳ ҳолатҳои гуногуни даъвати маҷбурӣ расонаӣ шуданд.


Дар Бадахшон ба даъвати ҳарбӣ омодагӣ мегиранд

Акс аз бойгонии сомонаи "Азия-Плюс"

Дирӯз, 30 ноябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба анҷом расид. Вале даъвати ҷавонони синнашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат идома меёбад.

Дар ин бора имрӯз дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.

Даъвати тирамоҳии ҳарбии ҷавонписарони солҳои таваллудашон 1995-2004 давоми моҳҳои октябр ва ноябри дар ҳудуди кишвар идома дошт. Мақомот дар давоми ин муддат вуҷуди сарбозшикорӣ ё “облава” – ро рад мекарданд. Вале давоми ду моҳ ҳолатҳои гуногуни даъвати маҷбурӣ расонаӣ шуданд.

Ин гуна маҷбуркуниҳо тариқи буридани сими барқ, ба комиссариат ё мақомоти маҳаллӣ даъват карда, маҳкам намудани волидони даъватшавандагон ва ҳатто бастани дари масҷидҳо сурат гирифтаанд. Мақомот ҳамаи инро рад карда, борҳо таъкид намуданд, ки шумораи ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба хизмат рафтанд, афзудааст.

Дар хабар ҳамчунин зикр гардидааст, ки минбаъд тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.