fbpx

Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 76% иҷро шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз. Аз иҷрои 76 фоизи нақшаи даъват дар 40 рӯз то ҳамлаи хирс ба чорвои сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Лахш.


-1
-1 points
Даъвати ҳарбӣ дар тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.

Ҳамлаи хирс ба чорво дар Лахш

Хирсе дар ноҳияи Лахш ҳудуди 47 сар чорвои сокинони маҳаллиро дар дохили оғилашо ро нобуд кардааст. Давоми қариб 7 соли охир ҳодисаи мазкур дар ин минтақа бори аввал рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Ҳамлаи хирс дар Тоҷикистон
Акси марбута аз интернет

Манбаъ менависад, ҳодиса шаби 10-11-уми майи соли равон, соати 03:21 дар деҳаи Корвонгузари ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин), аз беаҳамиятии чӯпони маҳаллӣ, рух додааст.

Аз КҲФ гуфтанд, хирс ба сокинони маҳаллӣ осеб нарасонида, баъди куштори чорво ба кӯҳ рафтааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, давоми ҳадди ақал 7 соли охир ин ҳодисаи аввалини ҳуҷуми хирс ба чорво дар ин минтақа мебошад.

Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 76% иҷро шуд

Нақшаи даъвати ҳарбии баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ давоми 40 рӯзи маъракаи даъват дар Тоҷикистон 76 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати мудофиа хабар медиҳад.

Артиши Тоҷикистон дар раддабандӣ 21 зина поён рафт.
Акс аз сомонаи bankstoday.net

Вилояти Суғд 68%, вилояти Хатлон 73% ва НТҶ 77% нақшаро иҷро кардааст, омадааст дар хабар.

Аввали моҳи май аз анҷоми маъракаи даъват дар шаҳри Душанбе гузориш дода буданд. Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон нақшаи худро пур карда буд.

Дар даъвати баҳории имсол, ки аз 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома мекунад, ҷавонони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмат даъват мешаванд.

Баъди дар соли 2021 дар таҳрири нав қабул шудани қонун “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, шаҳрвандони Тоҷикистон бар асоси он метавонанд бо пардохти маблағи муайян давоми як моҳ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмати ҳарбиро адо намоянд.

Нархи хизмати алтернативӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда ба 68 сомонӣ баробар аст) мебошад.

Дар Русия қонунеро омода мекунанд, ки имкон медиҳад муҳоҷирони дорои шаҳрвандии ин кишварро ба ҷанг баранд

Михаил Матвеев, вакили Думаи Давлатии Русия, гуфт, тарҳи қонунеро омода дорад, ки имкон медиҳад муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шаванд.

Шиносномаи Русия
Акс аз сомонаи Иммигрант

Ба гуфтаи Матевеев, дар як взвод набояд бештар аз 2 ва ё 3 муҳоҷир бошад, то нигоҳ доштани интизом имконпазир гардад. Вай ҳамчунин афзуд, муҳоҷиронро метавон дар баталйони сохтмонӣ, аз ҷумла дар хати ҷабҳа истифода бурд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия танҳо дар се моҳи аввали имсол тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ амал мекунад.

Шумораи тоҷикони шаҳрвандии Русия дошта, ки ба ҷанг дар Украина бурда шуданд дақиқ нест. То ҳоло дар бораи марги чандин нафар гузориш расидааст. Гузашта аз ин, марги беш аз бист тоҷики зиндонӣ дар Русия дар ҷанги Украина ҳам таъйид шуд.

Дар шоҳроҳҳои кӯҳии Тоҷикистон посгоҳҳои сайёри КҲФ ташкил мешаванд

Дар Душанбе ҳафтаи равон масъалаҳои дастгирии Агентии Швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ барои бунёди посгоҳҳои сайёри наҷотдиҳандагон дар шоҳроҳҳои кӯҳии Тоҷикистон баррасӣ шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Роҳи Душанбе Хуҷанд
Роҳи Душанбе-Хуҷанд

Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода ва ҳайати Агентӣ таҳти роҳбарии муовини ёвари директори генералӣ, сардори департаменти Осиё, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб Арно Вики ин мавзӯъро баррасӣ карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо, аз ҷумла, дар бораи бунёди посгоҳҳо, муҷаҳҳаз кардани онҳо бо таҷҳизоти муосири алоқа ва воситаҳои гузаронидани омӯзишҳо (интерактивӣ ва виртуалӣ) сухан ронданд.

Ҳамчунин дар бораи бунёди шаҳракҳои муваққатӣ барои ҷойгир кардани аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандони КҲФ сухан рафт.

Назарзода таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир ба баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, омодасозии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Арно Викки қайд кард, ки Агентии Швейтсариии рушд ва ҳамкорӣ омода аст барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад.

Як довталаб ба курсии президенти Узбекистон муайян шуд

Дар Анҷумани Ҳизби экологии Узбекистон, ки рӯзи 11-уми май баргузор шуд, раиси ҳизб Абдушукур Ҳамзаевро ҳамчун номзад дар интихобот пешбарӣ карданд.

Ҳамзаеви 50-сола зодаи вилояти Сурхондарёи Узбекистон аст.

Ҳизби экологии Узбекистон дар интихоботи президентии соли 2021-ум 4,1 дарсад раъй гирифта буд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Узбекистон ба 9-уми июл таъйин шудааст. Маъракаи интихоботӣ 10-уми май шуруъ шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон гуфт, пешбарии номзадҳо то 1-уми июн идома мекунад ва сабтиноми номзадҳо 6-уми июн ба поён мерасад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend