Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:0001.04.2025
Дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел, мавсими баҳории даъват ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуд. Чор сол пеш, 19 январи соли 2021 ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва қарори ҳукумат “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” тағйирот ворид шуда буд, ки мувофиқи он шахсони кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатмкарда ҳам ба хизмат даъват мешаванд.
Муаллифи Your.tj ба саволҳои зуд-зуд такроршаванда аз ҷониби шаҳрвандон оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷавоб омода кард.
- Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.
- Шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.
Не. Мувофиқи тағйироти нав магистрон, аспирантон ва докторантон, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқ надоранд. Алакай қисми зиёди магистрантон ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд. Танҳо нафароне, ки бори аввал дар зинаи бакалавриат шӯъбаи рӯзона таҳсил карда истодаанд, ҳуқуқ доранд, ки муҳлати даъвати хизмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд.
1) Барои онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо адо мекунанд 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ – 12 моҳ;
2) барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозҳо ва сержантҳо адо мекунанд – 1 моҳ;
3) барои онҳое, ки аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон хизмати ҳарбиро адо мекунанд – 24 моҳ;
Бале. Тибқи тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, нафароне, ки ба хизмати ҳарбии муҳлатнок рафтан намехоҳанд, метавонанд ба ҷои 12 ё 24 моҳ хизмат кардан, бо супоридани маблағи муайян ҳамагӣ як моҳ омодагии ҳарбӣ гиранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Тибқи тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” онҳое, ки мехоҳанд хизмати алтернативии якмоҳаро мехоҳанд анҷом диҳанд, бо супоридани маблағи 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (28560 сомонӣ) метавонистанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Вале мувофиқи тағйироти наве, ки аз 1-уми сентябри соли 2023 эътибор пайдо кард, акнун ин маблағ ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (бо афзудани як нишондиҳанда аз 72 ба 75 сомонӣ аз 1-уми январи соли 2025 – 56 ҳазору 250 сомонӣ) афзуд.
Шаҳрванде, ки синнаш ба 18 расидааст, метавонад бо навиштани ариза ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисташ маблағи мазкурро ба шуъбаи "Амонатбонк" супорад. Расиди маблағи супоридашуда бояд ба комиссияи даъвати ҳарбӣ пешниҳод карда шавад.
Мақомот мегӯянд, миқдори квотаҳои ба ин навъи хизмат маҳдуданд. Шахсоне, ки маблағи муайяншударо супориданд, дар навбат меистанд. Бо расидани навбат онҳо огоҳ карда мешаванд. Дар бораи он ки чӣ тавр як сокини шаҳри Душанбе хизмати ҳарбии пулакиро анҷом дод, дар ин ҷо хонед.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
22 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
23 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад