fbpx

Дастгирии дастаҳои баскетбол дар аробачаҳои маъюбӣ аз ҷониби ТИКА

Дар марҳилаи оянда ташкили барномаҳои нави тамринӣ ва бозиҳои дӯстона байни дастаҳои баскетбол дар аробачаҳои маъюбии ду кишвар ба нақша гирифта шудаанд.


0

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА), бо лоиҳаи амалинамудааш, ки ҳадафаш баланд бардоштани иштироки маъюбон дар ҷомеа тавассути варзиш мебошад ба дастаҳои баскетбол дар аробачаҳои маъюбии кишвар кӯмак кардааст.

Дар ҳамкориҳои ТИКА, Федератсияи варзиши маъюбони Туркия ва Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон барои дастаҳои баскетболи маъюбони “Ғайрат” ва “Ваҳдат”-и Тоҷикистон як лагери тамринӣ баргузор карда шуд.

Дар доираи лоиҳае, ки дар соли 2024 оғоз шуда буд, ТИКА инфрасохтори техникии дастаҳои «Ғайрат» ва «Ваҳдат»-ро, дар Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии иштироки маъюбон дар варзиш ва дастгирии касбии дастаҳо, таҳким бахшидааст.

Дар марҳилаи дуюми лоиҳа, дар лагери омӯзишӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мураббиёни коршинос аз Туркия барои варзишгарони кишвар оид ба мавзуъҳои асосҳои рондани аробача, пасдиҳӣ, идораи тӯб, техникаи партофтан, стратегияҳои ҳамла ва дифоъ, ҳамоҳангсозии чашму даст, қоидаҳои бозӣ ва таснифот машғулияти омӯзишии назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

Маҳмуд Амонзода, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар маросим аз дастгирии ТИКА барои шахсони дорои маъюбияти кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда изҳор дошт, ки онҳо аз муваффақияти Туркия дар варзишҳои паралимпӣ илҳом гирифтаанд.

Иброҳим Этҳем Унал, Ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳадафи ин лоиҳа ба дастаҳои мазкур фароҳам овардани имконияти расидан ба сатҳи иштирок дар бозиҳои паралимпии миллӣ ва байналмилалӣ ва фароҳам овардани имконияти иштироки самараноктари шахсони маъюб дар ҳаёти иҷтимоӣ тавассути варзиш мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, дар марҳилаи оянда ташкили барномаҳои нави тамринӣ ва бозиҳои дӯстона байни дастаҳои баскетбол дар аробачаҳои маъюбии ду кишвар ба нақша гирифта шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend