fbpx
0

Дилбарҷон Ғаниеваи 36-сола, дар шаҳри Хуҷанд 22 сол боз ба ҳунари бофандагӣ машғул аст. Ҳунарро бо илҳом аз маҳсули дастони модараш омӯхта, имрӯз на танҳо либосу пӯшок, балки ороишоти гуногуну ҷолибро бо риштаҳои рангоранг омода мекунад.

Маҳсули дастони Дилбарҷонро мизоҷонаш ҳамеша меписанданд. Ин бонуи ҳунарманд ба чандин духтарон ҳунари худро ёд дода, зери роҳбарии ӯ онҳо ғолиби озмунҳои ҳунармандӣ гардидаанд.

Дар суҳбат бо муаллифи Your.tj Дилбарҷон Ғаниева дар бораи роҳи пурпечутоби ҳунар ва маҳсули дастонаш нақл кард.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Вязание Изделия Ганиева (@ganievadiliakhon)

Аз идея то маҳсулот

Ин зани ҳунарманд аз даврони хурдсолиаш ёд оварда, нақл кард, ки модараш ба духтарону бонувон бофандагиро меомӯхт ва ӯ низ шогирди модар шудам.

“Ҳоло ман ин ҳунари нодирро идома дода истодаам ва дар айни ҳол орзуи замони кӯдакиамро амалӣ мегардонам. Орзу доштам на танҳо либосу пӯшок, балки ороишот ва туҳфаҳои зеборо низ бо риштаҳои ранга бофам”,- мегӯяд Дилбарҷон.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Вязание Изделия Ганиева (@ganievadiliakhon)

Ҳунари ӯ бо рангубор ва нақшҳои рангини риштаҳо шинохта мешавад. Ӯ рангҳо ва тарҳҳоро бо мизоҷон мувофиқа мекунад ва ҳатто маслиҳат медиҳад, ки чӣ тавр беҳтар ва зеботар мешавад.

“Рангубор ва ороиши либосҳоро бо рангҳое мебофам, ки мизоҷон фармон медиҳанд, ё худам ба онҳо маслиҳат медиҳам, ки чӣ тавр зеботар мешавад. Ба онҳо бештар нақшҳои миллӣ ва гулҳо писанд меоянд”, – нақл мекунад ӯ.

Нахустин маҳсули Дилбарҷон як нимостини бачагона будааст. Аз он рӯз то имрӯз, корҳои ӯ дар Тоҷикистон ва берун аз он низ шинохта шудаанд. Ҳамеша ба эҳтиёҷоти мизоҷон ё идеяҳои шахсиаш такя карда, эҷод мекунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Вязание Изделия Ганиева (@ganievadiliakhon)

“Корамро вобаста ба талаботи мизоҷон ва ҳам аз шабакаҳои интернет иҷро мекунам. Инчунин ба ман табиати зебои Тоҷикистон илҳом мебахшад. Ячанд ороишотеро сохтаам, ки маконҳое зебои ватанамон инъикос ёфтааст”,- мегӯяд бонуи ҳунарманд.

Шогирдон, мушкилӣ ва дастовардҳо

Дилбарҷон, ҳамчунин ба духтаракон ҳунари худро ёд медиҳад.

“Духтарони наврас ба ҳунари бофандагӣ завқи калон доранд. Ман чандин нафарро ба озмунҳо тайёр кардам, ки ҷойҳои намоёнро ишғол карданд”, – мегӯяд ӯ.

Ҳунар ва интизоми кор барои ӯ на танҳо касб, балки роҳи саҳмгузорӣ ба ҷомеа ва тарбияи меҳнатдӯстии духтарон аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Вязание Изделия Ганиева (@ganievadiliakhon)

Аз ҳама душвортарин марҳила барои Дилбарҷон иҷрои лоиҳаи пурраи Боғи Истиқлол буд. Ӯ бо тамоми маҳорати худ онро ба анҷом расонд ва дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба аъзои ҳакамон писанд омад.

“Дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” инчунин як маҳсули дастам, ороишот бо номи “Дасти дуои модар”-ро пешниҳод кардам. Он замон кам нафарон ҳунари маро мешинохтанд, вале кори ман бисёр писанд омад ва ҷойи аввалро гирифтам”, – ба хотир овар ӯ.

Гарчанде баъзе маҳсулотро бо шавқу завқи худ эҷод мекунад, вале Дилбарҷон онҳоро бо талаботи мизоҷон мефурӯшад ва худро маҳдуд намекунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Вязание Изделия Ганиева (@ganievadiliakhon)

Ҳамеша идеяҳои нав дорад ва тавре мегӯяд, аз ин ҳунар хаста намешавад. Ҳар рӯз барои эҷоди кори нав ва баланд бардоштани сифати маҳсулот вақти худро сарф мекунад.

“Агар дар давоми рӯз ҳама корҳоро иҷро кунаму, бофандагӣ накунам, худро нороҳат эҳсос мекунам. Идеяи нав, кори нав, риштаҳои рангоранг – ҳамин роҳи ман аст”, – меафзояд ӯ.

Сифат ва “имзо” шахсӣ

Ҳар як маҳсули Дилбарҷон бо риштаҳои аълосифат ва бо номи ӯ эҷод мешаванд, то сифати кор ва эътимод ба мизоҷон нигоҳ дошта шавад.

“Корҳоямро бо номи худ мебарорам, то маълум шавад, ки меҳнати ман аст. Мизоҷоне, ки як бор маҳсули дастони маро харидаанд, мехоҳанд боз ҳам аз ман харидорӣ кунанд”, – шарҳ медиҳад ӯ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Вязание Изделия Ганиева (@ganievadiliakhon)

Ба гуфтаи Дилбарҷон, дастгирии оила ва наздикон барои пешрафти ӯ муҳим аст.

“Бо дастгирии аҳли оилам, ки ба ман ҳамеша бовар доранд, пеш рафтам. Наздиконам низ аз ман ҳамеша дилпуранд ва аз онҳо ҳамеша миннатдорам”,- мегӯяд бонуи ҳунар.

Ҳоло Дилбарҷон дар Мактаби санъати бачагона №3 Хуҷанд ба номи Наримон Каримов кор мекунад ва таҷрибаву ҳунари худро ба наврасон меомӯзонад. Ӯ ҳунари бофандагиро на танҳо ҳамчун касб, балки ҳамчун мероси оилавӣ ва роҳи эҷодӣ мебинад.

С.У


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend