fbpx

Дарси “Ахлоқ ва маърифат” барои исмоилиҳои Тоҷикистон дар мактабҳо расман манъ шуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс: Дафтари матбуоти раиси ВМКБ

Дар сохтмони НОБ-и Роғун се нафар халок ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд     

Соли гузашта дар майдони сохтмони НБО “Роғун” 15 садама ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 3 нафар ҳалок ва 15 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, хабар дод ба  журналистон Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар саноат ва назорати кӯҳӣ.

Дар умум, давоми соли 2020 дар корхонаҳо ва иншоотҳо 31 садама ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 8 нафар ҳалок ва 33 нафари дигар чарохат бардоштанд. Сабабҳои асосии садама риоя накардани талаботи бехатарӣ ва дастури нопурра дар ҷои кор мебошанд.

Аз сабаби хунукназарӣ ҳангоми кор нисбати 20 роҳбар чораҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Дарси “Ахлоқ ва маърифат” барои исмоилиҳои Тоҷикистон дар мактабҳо расман манъ шуд

Дарси “Ахлоқ ва маърифат”, ки исмоилиҳои Тоҷикистон дар мактаб мехонданд, расман манъ шуд. Баҳси манъ шудани ин дарс чанд рӯз буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ буд ва ахиран ҳукумати ВМКБ хабар дод, ки расман он дар мактабҳо манъ шуд.

Аз ин ба баъд ин дарс танҳо дар хона ва ҷамоатхона – ҷойи намозгузории исмоилиён тадрис мешавад, гуфта мешавад дар як хабарномае, ки дар саҳфаи расмии фейсбукии ҳукумати Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон нашр шудааст. Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бар пайи баҳсҳои доманадор бо масъули дину таълими вилоят маҷлис ороставу ин мавзуъро баррасӣ кардаанд.

Далели инро ҳукумати ВМКБ  чунин баён кардааст: “бо гузашти аём бо дарназардошти роиҷ будани таълимоти дунявӣ дар муассиаҳои таълимии давлатӣ ва зиëд шудани шумораи кӯдакони ғайри исмоили дар мактабҳои вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ, камчинии вақт, соатҳои дарсӣ ва синфхонаҳо ва дигар мушкилотҳои динии ҷаҳони имрӯза таълими ин дарс муваққатан боз дошта шудааст”.

Дар Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нави ҷиноӣ омода карда шудааст

Дар кишвар лоиҳаи Кодекси нави ҷиноӣ омода карда шудааст. Он сабук кардани ҷазоро барои ҷиноятҳои содиркардаи занон, маъюбон ва пиронсолон пешбинӣ мекунад. Дар айни замон, ҷазо барои терроризм, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин метавонад сахттар карда шавад. Ҳоло лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ мавриди омӯзиши ҳукумати кишвар қарор дорад, хабар дод прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотии ниҳодаш.

Хӯҷа-командир ба наздикӣ назди суд ҷавоб хоҳад гуфт

Тафтиши парвандаи Хӯҷа-командир, ки дар иштирок ё содир намудани 20 куштори солҳои пешин гумонбар дониста мешавад ба итмом расида ҷиҳати баррасии минбаъда ва содир намудани ҳукм ба мақомоти суд пешниҳод гардидааст, гуфт додситони кул Юсуф Рахмон дар мулоқот бо журналистон.

Хӯҷа Каримов яке фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” дар солхои чанги шахрвандии кишвар буд, ки соли гузашта бо дархости Точикистон аз Дубай ба кишвар истирдод шуда буд.

4,5 миллион тоҷикистонӣ симкортҳоро дубора  сабти ном  карданд

То имрӯз 4,5 миллион муштарӣ дар Тоҷикистон симкортҳояшонро бо шиносномаҳои нави паластикӣ дубора сабти ном карданд. Дар ин бора Хадмоти алоқа дирӯз дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи хадамот, дар кишвар муштариёни шабакаҳои мобилӣ 7 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ба ҳамин тартиб боз 2 миллиону 600 ҳазор нафари дигар бояд симкортҳояшонро дубора сабти ном кунанд. Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бар асоси як қарори ҳукумат шурӯъ шуд.Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, аммо мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд.

Пештар мақомоти Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаи нави пластикӣ ва сабтиноми дубораи симкортҳо то рӯзи 15-уми феврали соли 2020 фурсат дода буданд. Баъдан ин муҳлат бо қарори президенти Тоҷикистон то 15-уми феврали соли 2022 дароз карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили ҷашни Сада ба Суғд рафт

Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи ҷашни Сада, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ширкат мекунад.

Сафари кории президент аз шаҳри Хуҷанд оғоз шуд. Дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди ширкати “Субҳи заррин” ва коргоҳи замонавии истеҳсоли гӯшти парандаи Фабрикаи мурғпарварии “Назар”, ки аз чониби сохибкор Каромат Назаров бунёд шудааст оғози расмӣ бахшид.

Инчунин, бо иштироки президент, дар Хуҷанд як корхонаи истеҳсоли орд ва маҳсулоти қаннодӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Ҷумъабой Абдулҳакимов сохта шудааст, ифтитоҳ ёфт. Дар корхонаи “Хуҷанд-Агро” президент дар мавриди ба истифода додани хатти нави технологӣ барои коркарди пиёз ширкат варзид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Сафари кории раисчумхур дар шимоли кишвар то 7 феврал идома хоҳад кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend