fbpx

Дармонбахши занҳои аз зиндагӣ дилмонда: Чӣ тавр Робия занҳои тоҷикро ба фаришта табдил медиҳад


-1
-1 points

Дар замони муосир соҳаи зебоӣ яке аз соҳаҳои серталабот ва пешрафта аст. Бонувон новобаста аз ҷинси зебо буданашон, мехоҳанд ба чеҳраи худ ҳамеша ягон навгонӣ ворид созанд. Қисми зиёди бонувон талаботи зиёдро ба ин соҳа дида мехоҳанд, ки дар ин ҷода фаъолият намоянд, аммо на ҳар кас дар ин кор мувафақ мешавад.

Қаҳрамони навбатии Your.tj, яке аз бонувони муваффақ дар соҳаи зебоӣ косметолог – ҷарроҳ Робия Ахмедова дар бораи чӣ тавр муваффақ шудан ва мушкилиҳоро паси сар карданаш нақл мекунад.

Дармонбахши занҳои аз зиндагӣ дилмонда

“Ба ман зиёдтар занҳое муроҷиат мекунанд, ки аз зиндагии худ хаста ва дилмонда шудаанд. Баъзан духтарон аз таънаи хушдоман, ки бадрӯяшон мехонад, ё аз шавҳарашон, ки бинобар табъи дили ӯ набуданашон зани дуюм гирифтааст, шикоят мекунанд. Мехоҳанд бо роҳи ҷарроҳӣ намуди зоҳириашонро зеботар гардонида писанди хушдоман ва шавҳарашон гарданд.

Боз духтарони табиатан зебое омада, мехоҳанд ҷарроҳии пластикӣ кунанд, ба онҳо мефаҳмонам, ки ҳусни расо доранд ва зебоии табииашонро ҳайф накунанд. Баъзеашон дар ақидаи худ устувор мемонанду, амали ҷарроҳӣ мехоҳанд”,- бо афсӯс нақл мекунад Робия.

Ӯ намудҳои гуногуни хизматрасониро бароҳ мондааст: тоза намудани рӯй, дигаргунсозии лаб, бинӣ ва абрӯвон, борик намудани камар, нафис намудани чеҳра ва ғайраҳо.

Ғуруби орзуҳои кӯдакӣ  

Робия Аҳмедова 27 сол дорад, ӯ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Овони кӯдакиаш ба замони хонумонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ рост омадааст. Падараш табиб буду модараш ҳамшираи шавқат. Зиндагӣ сахту сангин ва хеле мушкил буд, вале падару модар кӯшиш мекарданд, то фарзандонашон ҳама шароитро дошта бошанд.

Робия дар мактаб аз ҳамсолонаш босаводтар ва пешсаф буд. Ӯ як сол пеш аз ҳамсинфонаш тариқи санҷиш гимназияро хатм намуд. Мехост думболи орзуҳои кӯдакияш равад. Аз хурдӣ орзу мекард, ки журналист шавад. Аз оинаи нилгун наттоқони телевизионро дар барномаҳои иттилоотӣ дида, дар қалбаш шӯълаҳои нав ба нав нисбати ин касб пайдо мешуданд.

Ба хоҳару бародараш доимо мегуфт: “Агар ман журналисти машҳур шавам, ба ҳамаи шумо кӯмак мекунам. Ба якеатон орду равған мехараму ба дигаратон либосҳои шинаму зебо, ба якеи дигаратон кафши зимистона ва ғайра. Хоса ҳама орзуҳои дилатонро амалӣ мегардонам”.

Замони ҳуҷҷатсупорӣ волидайн зидди касби орзуҳои кӯдакии фарзандашон баромаданд. Онҳо мехостанд, ки духтарашон касби худашонро идома диҳад. Ҳамингуна Робия маҷбуран соли 2009 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳуҷҷат супорида, бо дониши худ ба таври ройгон дохил шуд.

Замони таҳсил оилаи Робия барои кор Русия рафтанд ва ӯ ҳамроҳи холааш дар Тоҷикистон монд. Каме баъд Робия низ барои як сол таҳсилро ба таъхир гузошта назди волидайн рафт.

“Ҳисси кунҷкобӣ маро сӯйи муваффақият бурд”

Рӯзе ҳангоми сайр дар Маскав навиштаҷоти маркази косметологӣ диққати Робияро ҷалб мекунад. Дар хона ҳисси кунҷкобиаш боло гирифта аз интернет дар бораи он марказ хонда, рӯзи дигар ба он ҷо меравад. Бо роҳбари он ҷо маслиҳат намуда, тӯли шаш моҳ аз ӯ дарс омӯхта соҳиби сертификату диплом мегардад.

 

Баъдан ба Тоҷикистон бармегардад ва пас аз дарсҳо дар як маркази косметологӣ ҳамчун ёрдамчӣ ба кор оғоз мекунад. Директори марказ Назира Ибрагимова бо ӯ хеле меҳрубон буд ва кӯмакаш мекард. Ӯ баъд аз дарс ба кор, пас аз кор дар хона дугонаҳояш ва дигар муштариёнро қабул менамуд, то даромади бештар гирад.

“Баъзан хеле зиёд хаста мешудам, хобам меомад, вале мақсадҳои пеши худ гузоштаамро фикр карда, ба хастагӣ аҳамият намедодам. Зеро заҳмат кашиданро дӯст медоштаму мехостам нақшаҳоямро худ амалӣ намоям”,-нақл мекунад Робия Ахмедова.

Корро аз 40 сомонӣ оғоз намуд…

Дар аввал ӯ аз тоза намудани рӯй оғоз намуд, ки бар ивази кораш ҳамагӣ 40 сомонӣ музд мегирифт. Ҳамин гуна, оҳиста-оҳиста таваҷҷуҳи зиёди муштариёнро ба худ ҷалб менамуд ва рӯз то рӯз теъдоди муштариёнаш зиёд мегашт. Мақсад гузошт, ки утоқи алоҳидаи кории худро ташкил намояд. Тӯли 8 сол мешавад, ки дар меҳмонхонаи «Серена» фаъолият дорад. Шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз мустақилона кор мекунанд.

“Баракат дар меҳнат кардан аст. Ҳозир шогирдоне дорам, ки муштариёнашон 200-250 сомонӣ пардохт мекунанд. Лекин онҳо бо ин маблағ розӣ нестанд. Мехоҳанд бидуни азоб ба зудӣ маъруфият пайдо намоянд. Ба онҳо мефаҳмонам, дар аввал кӯшиш намоянд, корашонро дӯст доранд, ба касбашон содиқ бошанд маблағи имрӯз мегирифтаашон дар оянда 100 баробар меафзояд. Дар аввал бояд инсон бо сабр бошад ва дуюмдараҷа ҳалол кор кунад, ҳамааш хуб мешавад”,- мегӯяд Робия.

Аз худ кардани панҷ забони хориҷӣ

Робия донишгоҳро бо ихтисоси ҷарроҳи пластикӣ хатм намуда барои такмили ихтисос ба Ҳиндустон сафар кард. Вақте духтурон корҳои босифати Робияро дар Ҳиндустон диданд, ба ӯ тавсия доданд, ки вақте косметологӣ ба ҷонаш занад, он гоҳ ҷарроҳ шуда кор кунад.

Робия дар баробари таҳсил ва кор ба забономӯзӣ машғул мешуд. Пас аз хатми донишгоҳ ӯ аллакай донандаи 4 забони хориҷӣ буд: русӣ, англисӣ, туркӣ ва ҳиндуӣ. Робия инчунин дар хориҷа низ муштариёни худро дорад, ки дар яксол чанд маротиба сафарҳои корӣ ба он кишварҳо анҷом медиҳад ва забондонияш ба ӯ мусоидат мекунад.

Косметологҳои нохонда зиёд шудаанд…

“Ман намехоҳам ягон касро паст занам, лекин имрӯзҳо аксарияти кори ман аз тоза кардани корҳои ифлоси дигарон иборат мебошад. Ба назди ман меоянд ва мегӯянд, фалонӣ кори ман мехостаро карда натавонист ва ҳама ҷоро вайрон кард.

Имрӯз мушоҳида мекунам, чунон косметологҳои нохонда дар кошонаҳои ҳусн, дар хонаҳо зиёд шудааст, ки бешумор. Набояд косметологҳо дар хона ё дар кошонаи ҳусн фаъолият кунанд. Чун онҳо бо пӯст ва хуни инсон сару кор доранд ва ин як раванди тиббиест, ки таваҷҷуҳ ва тозагиро талаб мекунад”,-мегӯяд Робия.

Ҷарроҳ-соҳибкор

Робия ба ғайр аз косметолог буданаш, инчунин ба тиҷорати либосҳои занона машғул мебошад. Ӯ либосҳои занонаро аз Туркия ва Чин ворид карда тариқи интернет ба фурӯш мегузорад. Қаҳрамони мо дар баробари мағозаи либоса, боз кошонаи ҳусни худро дорад, ки дар он ҷо духтарони зиёдеро бо кори доимӣ таъмин намудааст. Ӯ мехоҳад дар оянда соҳибкории худро боз ҳам рушду тақвият диҳад.

“Маҳсгари ғайриахлоқӣ”

Робияро чанд бор туҳмат намуда шикаст додан мехостанд, вале ӯ ба туҳмат ва кори бадхоҳонаш аҳамият надода, кори худро давом медод.

“Рӯзе маҷаллаи таблиғотиеро мутолиа доштам. Нохост дидам, ки расмам он ҷо чоп шудааст. Вақте пурратар мехонам, маро ба ҳайси маҳсгари ғайриахлоқӣ муаррифӣ кардаанд. Хеле дилмондаву андуҳгин шудам. Вақте ки мо ба воситаи амният ҷустӯ кардем, ин корро ҳамкурси худам ба ман раво дидааст”,- мегӯяд Робия.

Як маротиба чор чархи автомобилашро кафонданд. Аммо Робия ба онҳо бадӣ кардан намехоҳад ва ҳаволаашонро ба Худо ҳавола мекунад.

Шиори Робия дар зиндагӣ шикаст нахӯрдану ба пеш ҳаракат кардан аст. “Барои дар ҷодае муваффақ шудан, пеш аз ҳама рӯҳи шикастнопазиру иродаи қавӣ доштан лозим аст. Агар кӯшиш кунед, имрӯз ё фардо ҳатман ба мақсади некатон мерасед. Танҳо дар роҳатон рост бошеду кори ҳалол кунед, боқӣ ҳама дар дасти Худо аст”, – мегӯяд ӯ.

Шоҳрухи Исмоил, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend