logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

Маросими видоъ бо Шавкат Халилов имрӯз, соати 12 дар суроғаи Душанбе, гузаргоҳи 3-юм, кӯчаи Б.Ғафуров мегузарад.

Your tj

11:2916.05.2023

Даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

Саркоргардони Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шавкат Халилов, шоми 15-уми май дар Душанбе вафот кард.

Дӯстон ва ҳамкорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хонавода ва наздикони ӯ изҳори тасаллият карданд.

Маросими видоъ бо Шавкат Халилов имрӯз, соати 12 дар суроғаи Душанбе, гузаргоҳи 3-юм, кӯчаи Б.Ғафуров мегузарад.

Шавкат Халилов 26-уми декабри соли 1956 дар оилаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди театр ва синамо Муҳаммадҷон Халилов ба дунё омадааст.

Хатмкардаи ду донишгоҳи эҷодӣ – Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1978) ва Донишкадаи давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи Ленинград (1985) – Шавкат Халилов фаъолияти эҷодии худро ҳамчун актёри Театри академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ оғоз кардааст.

Ба ҳайси коргардон-саҳнагузор дар театри ба номи А.Лоҳутӣ, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А.Муҳаммадҷонов дар шахри Кургонтеппа, театри мазҳакаи мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ, дар театри Хоруғ, театри мазҳакаи мусиқии Самарқанд ба номи X.Олимчон ва театри лӯхтак кор кардааст. Саркоргардони дастаи эҷодии Театри давлатии ҷавонони Точикистон ба номи М.Воҳидов буд.

Чанд соли охир вазифаи саркоргадонии Театри опера ва балетро бар ӯҳда дошт.

Аз маъруфтарин намоишҳои Шавкат Халилов ба рӯи саҳнаи театр оварда, “Лайлатулқадр”-и Ю.Акбаров, “Авлиё ва осӣ”-и А.Варфоломеев, “Моҷарои обфурӯш”-и Мастон Шералӣ ва Шодон Ҳаниф, “Тӯйи бедомод”-и Ҷумъа Қуддус, “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло, “Хизматгори ду хоҷа”-и К.Голдони ва даҳҳои дигар ном бурда мешавад.

Яке аз корҳои охирини ӯ саҳнагузории лоиҳаи миллии “Рӯдакӣ” аз рӯи операи Шарофиддин Сайфиддинов ва опереттаи “Аршин мал – Алан” буд.

Ӯ дар роҳбарии чорабиниҳои гуногуни идона, фарҳангӣ ва барномаҳои консертӣ низ муваффақ буд.

Шавкат Халилов барандаи ҷоизаҳои гуногун дар фестивалҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ мебошад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ