Даргузашти “Шоҳи Сармаддеҳ” ва пешгӯии зимистони сард дар Тоҷикистон. Мухтасари хабарҳои муҳими рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз Радиои Озодӣ

Нависандаи барҷастаи муосири тоҷик Баҳманёр даргузашт

Имрӯз, 10 ноябр нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёр дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ чанд рӯзи охир аз дарди меъда ранҷ мекашид.

Ба қавли наздикони адиб, ҷасади ӯ пагоҳ, 11-уми ноябр, соати 10:00 дар шаҳри Панҷакент ба хок супурда мешавад.

Баҳманёр (Аминӣ Баҳманёр Арабзода) 15 июли соли 1954 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи ришати шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, аз соли 1977 дар Кумитаи телевизион, соли 1981 – газетаи “Маданияти Тоҷикистон” ва идораи дигар рӯзномаву маҷаллаҳои адабӣ кор кардааст. Давоми солҳои 1983-1985 ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ дар Либия фаъолият дошт.

Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), романи “Шоҳаншоҳ” ва дигар асарҳои бадеӣ мебошад.

Ҳикояҳои ӯ ба забонҳои зиёди хориҷӣ тарҷумаву ба нашр расидаанд. Китобаш “Сармаддеҳ” соли 2015 бо забони форсӣ дар Лондон чоп шуд.

Фавти 1 нафар аз коронавирус дар кишвар

Ба ҳолати шоми 10-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 1 нафар аз бемории коронавирус фавтид, ки шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ба 84 нафар расид. 41 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 52 нафар аз коронавирус шифо ёфтанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11417 нафар расид. Шумори шифоёфтагон дар кишвар ба 10763 нафар баробар шуд.

Нақшаи то 32,2 млрд сомонӣ афзудани даромади буҷети Тоҷикистон дар 3 соли наздик

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2023 ҳаҷми даромади Буҷети давлатиро то 32,2 млрд сомонӣ зиёд кунад.

Ин нисбат ба буҷети соли гузашта 8,6 млрд сомонӣ зиёдтар аст. Гуфта мешавад ҳаҷми умумии қисмати даромади Буҷети давлатии соли 2021 ба маблағи 27,6 млрд сомонӣ, соли 2022 – зиёда аз 30,9 млрд сомонӣ ва соли 2023 – беш аз 32,2 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бар асари таъсири пандемияи коронавируси нав ба иқтисоди кишвар, буҷети соли ҷорӣ бозбинӣ ва ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан пешбинишуда дар ҳаҷми 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд.

Ба ин тариқ, хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ, соли 2022 – 31,5 млрд сомонӣ ва соли 2023 – 32,9 млрд сомонӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки даромади Буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 16,5 млрд сомониро ташкил дод, ки аз нақгшаи тасҳеҳшуда 565 млн сомонӣ камтар аст.

Камбуди воридшавии маблағ ба буҷетро дар ин давра Вазорати молия дар навбати аввал, коҳиши даромад аз пардохти андозҳои асосӣ – андоз аз даромад, андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда маънидод мекунад. Ҳиссаи андозҳо дар буҷети ҷумҳурӣ то ба 70% мерасад.

Зимистони сард дар Тоҷикистон

Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯйӣ мекунанд, ки  зимистон имсола нисбат ба зимистони соли пешин хунуктар мешавад. Аллакай нимаи моҳи декабр сардиҳои 15-дараҷа пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 23 ноябр ҳавои ҳақиқии зимистона фаро расида, ҳафтаи аввали моҳи декабр хунукӣ андаке камтар мешавад.

Минбаъд то охири сол обуҳавои хунук пешгӯйӣ мешавад. Нимаи моҳи декабр шабона ҳарорати ҳаво то 15 дараҷа хунукӣ расида метавонад. Танҳо пеш аз фарорасии Соли нав – рӯзҳои 30-31 декабр ҳавои то 10 дараҷа гарм мешавад.

Лекин бо оғози моҳи январ обуҳаво дар Тоҷикисон боз рӯ ба сардӣ меорад.

Имрӯз автобусҳои Хуҷанд расман “кортӣ” шуданд

Сар аз имрӯз, 10-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ расман ҷорӣ шуд. Ҳоло танҳо автобусҳои мусофирбар бо ин системаи кортӣ гузаштааст.

Аюбҷон Раҳматзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросии расман иҷроӣ шудани низомӣ пардохти электронӣ гуфт, ки онҳо ба гурӯҳе аз қишри мусофирон дар додани корти электронӣ имтиёз додаанд.

“Барои шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, шахсони соҳиби имтиёз, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи атомии Чернобил корти нақлиётӣ ҳамчун имтиёз ройгон дода мешавад”- гуфт ӯ.

Системаи пардохти электронӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории Бонки Аврупои таҷдид ва рушд ва ташкилоти молиявии давлати Шветсария -“СЕКО” амалӣ гардид, ки 5,0 миллион доллари ИМА кӯмаки бебозгашт барои ин тарҳ сарф шудааст.

Низоми нави пардохтро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ ширкати “Авесто гурӯҳ” роҳандозӣ мекунад, ки низоми кортии нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҳам марбути он мебошад.

Мутахассис: Барқкушӣ ба корҳои таъмир вобаста нест

Ширкати “Барқи тоҷик” итминон медиҳад, ки баъзан вақт қатъ шудани интиқоли барқ ба корҳои санҷишу таъмир вобаста буда, дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҷорӣ нашудааст.

Энергетики тоҷик Камолиддин Сироҷиддинов ба шарҳу тавзеҳҳои “Барқи тоҷик” дар ин бора бовар надорад.

“Дар ширкат мегӯянд, ки корҳои санҷишу таъмир ҷараён дорад, лекин мушаххасан дар кадом зеристгоҳу хати интиқоли барқ, дар кадом минтақа гузаштани ин корҳоро номбар намекунанд.

Ба фикрам, да низоми энергеткии кишвар ҳамааш хуб аст, мушкил норасоии об мебошад. Моҳҳои охир дар Тоҷикистон боришот набуд, дар минтақаҳои баландкӯҳ барф меборад, ҳарорат сард буда, барф об намешавад ва дарёҳо камоб шуданд. Агар мо ҳозир обро аз обанбори Норак зиёд истифода барем, пас моҳҳои феврал-март он ба охир мерасад ва ба мушкилоти ҷиддӣ дучор хоҳем шуд”, – мегӯяд коршинос.

Ба ақидаи коршинос, амали ширкати “Барқи тоҷик”-ро аз як тараф дуруст ҳам арзёбӣ кардан лозим аст.

“Ҳозир нисбатан гарм буда, барои аҳолӣ осонтар аст. Агар моҳҳои январ-феврал ҳаво хунук шуда, об нашавад, он замон хеле душвор хоҳад шуд. Намефаҳмам, ки чаро онҳо инро намегӯянду шарҳ намедиҳанд?”, – савол медиҳад коршинос.