Даргузашти сарояндаи машҳур Бунафша Шокирова

Ӯ, яке аз сарояндаҳои маҳбуб буд ва солҳои тӯлонӣ дар Ансамбли овозадори “Дарё” фаъолият дошт.


Ҳунарпешаи машҳури тоҷик Бунафша Шокирова, имрӯз 30 – юми май дар синни 50 солагӣ бар асари бемории саратон аз олам дар гузашт.

Яке аз хешовандони наздики ҳунарпеша дар суҳбат бо Your.tj гуфт, ки Бунафша Шокирова чанд мудат боз аз бемории саратон азият мекашид ва тай чанд рӯзи вазъи саломатиаш вазнин буд.

Бунафша Шокирова 18 июни соли 1972 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ фаъолияти эҷодиашро дар ансамбли овозадори “Ганҷина” оғоз намуда, солҳои тӯлонӣ дар ансамбли “Дарё” фаъолият дошт. Маҳз дар ин дастаи ҳунарӣ номдору овозадор шуд.

Бунафша Шокирова чанд соли охир дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор мекард.