Рӯзноманигори ҷавон, ровӣ ва роҳбари радиои “Авторадио” Фаридун Хайруллозода шоми 11 август дар синни 27-солагӣ дар Душанбе вафот кард. Дар ин бора наздиону дӯстони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Яке аз дӯстони Фаридун, ки дар ҷанозааш ишторок доштааст, ин хабарро ба Your. tj тасдиқ кард, аммо аз гуфтани иллати марги ӯ худдорӣ кард.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, Фаридун бардаму солим буд ва ягон беморие надошт, ки иллати маргаш шуда бошад.
“Тӯли чанд сол бо ҳам кор кардем, бисёр ҷавони хубу хушсухан ва шӯх буд, сиҳату саломат буд. Ҳатто худи ҳамин шом дар саҳифаи Инстаграмаш навор(сторис) гузошта буд, шоду бардам ба назар мерасид. Намедонам чаро чунин шуд, то ба ҷаноза рафтанам тамоман ба ин хабар бовар надоштам”, – бо таасуф нақл мекунад, дӯсти марҳум.
Фаридун Хайруллозода 22 апрели соли 1994 таваллуд шудааст.
Риштаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро хатм намуда. Дар Қазоқистону Русия ҳам таҳсили илм кардааст. Соли 2019 таҳсилро ба охир расонид. Аз соли 2006 дар барномаҳои субҳгоҳонаи ТВ ”Баҳористон” ровигӣ мекард.
Соли 2009 ба телевизиони “Сафина” гузашта, муаллифи барномаҳои субгоҳӣ буд. Соли 2014 ба Маскав рафта, охири ҳамон сол ба ватан баргашт. Баъди чанде муаллиф ва ровии якчанд лоиҳаҳои радиоӣ дар “Радиои Ватан”, сипас муаллиф ва ровии барномаи “Басти сеюм” буд.
Соли 2018 директори радиои “Ҳамсадо” шуда, сипас директори генералии “Авторадио Тоҷикистон” шуд.
Соли 2017 Фаридун барои фаъолияти пусамар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин блогери Тоҷикистон” шарафёб гардид. Аз навиштаҳои ӯ дар маълум мешавад, ки ояна нақшаҳои зиёд доштааст…
Ҳайати кормандони АИ “Your.tj” ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунад. Руҳи Фариддун шоду хонаи охираташ обод бод!