Даргузашти Иқбол Тешаев, барканории сардухтур ва огоҳӣ ба нуқтаҳои билетфурӯшӣ. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара даргузашт

Иқбол Тешаев (Иқбол Илёсзода), хабарнигори тоҷик ва сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 5-уми апрел бар асари беморӣ дар 51-солагӣ даргузашт. Ӯ аз камшумор сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ буд, ки ҳамеша бо расонаҳо суҳбат мекард.

Таибиддин Муҳаммедов, сардухтури Бемористони марказии шаҳри Исфара, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Иқбол Тешаевро субҳи имрӯз дар ҳолати вазнин аз хонааш ба беморхона оварданд ва пизишкон талош карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, вале бенатиҷа буд.

Таибиддин Муҳаммедов афзуд, сабаби даргузашти Иқбол Тешаев “норасогии кори дилу рагҳо” аст. “Саҳар оварданд мо як соат хизматрасонӣ кардем, дилро барқарор карда нашуд”,-афзуд сардухтур.

Иқбол Тешаев зодаи шаҳри Исфара ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Баъди марги се заҳролудшуда дар Кӯшониён сардухтурро барканор карданд

Баъди заҳролудшавии 11 узви як оила дар ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи  Кӯшониён ва фавти се нафари онҳо сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён Идибек Боймуродзода аз вазифааш барканор шуд.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Давлатзода Маҳмад тасдиқ кард, ки сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён аз вазифа барканор шудааст.

Ин шахси масъул омили сабукдӯш шудани Идибек Боймуродзодаро бетаваҷҷуҳӣ нисбати заҳролудшавии 11 нафар узви оилаи Солиевҳо ва фавти се узви ин оила аз деҳаи «Комсомол»-и ҷамоати “Заргар” рабт дод.

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон шаби 27-уми март 11 узви як оила пас аз истеъмоли занбурӯғ, дар як вақт заҳролуд гардида, як кӯдаки сесола рӯзи якуми апрел  ва як зану кӯдаки дигар рӯзи 2-юми апрел вафот карданд.

Ба ҷавонони хизматкарда барои таҳсили ояндаашон имтиёзи нав медиҳанд

Минбаъд ҷавонписароне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷ бидуни озмун дохил мешаванд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” аз ҷониби вакилон баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид.

“Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд”, – тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи мудофиа” ва “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.

Тоҷикҳову украиниҳо дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия аввал шуданд

Cоли гузашта тоҷикҳо ва украиниҳо беш аз ҳама шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд. Дар ин бора вебсайти RT бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ додааст. Мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи аҳолии Донишгоҳи давлатии Маскав мегӯяд, зодагони Тоҷикистон ва Украина бо шумули Қазоқистон ва Арманистон, дар гирифтани шиносномаи русӣ аз ин пештар ҳам пешсаф буданд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар ду моҳи соли ҷорӣ наздики 100 ҳазор зодагони кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандии Русияро соҳиб шуданд. Дар 12 моҳи соли 2020 беш аз 656 ҳазор шиносномаи русиро ба даст оварданд. Аз ин миён 62 фоийзашро украиниҳо ташкил дода, 63 ҳазор тоҷикон ва 43 ҳазор қазоқҳо будаанд.

Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш меёбад

Хабаргузории “Авесто” менависад, Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ воридоти нақлиётро 7,5 % ва содиротро 1,7 % бештар кардааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маблағи умумии мошинҳои воридотӣ беш аз 48 миллион долларро ташкил медиҳад. Тоҷирони мошин ин равандро ба бештар шудани талабот дар бозори дохилӣ рабт медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз оғози имсол нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло меравад. Ба Тоҷикистон асосан худравҳои дасти дуввум оварда мешаванд, ки нарахашон нисбати мошинҳои нав арзонтар аст.

Ҷаласаи фаврӣ ва огоҳӣ ба ширкату хазинаҳо: билетро қимат нафурӯшед

Раҳбарии Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ бо нархи баланд аз муқарраршуда аз ҷониби нуқтаҳои билетфурӯшӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор намудааст.

Ҷаласа субҳи имрӯз, 5 апрел бо иштироки намояндагони КДАМ, Прокуратураи нақлиёт, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Utair, инчунин Агентии алоқаи ҳавоӣ ва дигар сохторҳои дахлдор баргузор шудааст, хабар додааст ба “Азия-Плюс” Икром Субҳонзода, роҳабари Оҷонсиии ҳавоӣ.

“Агентӣ аз Прокуратураи нақлиёт ва намояндагони КДАМ дархост намуд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба фурӯши билетҳо бо нархҳои баланд мусоидат кунанд, – гуфт Субҳонзода. – Ба намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои билетфурӯшӣ огоҳии қатъӣ дода шуд”.

Субҳонзода зикр кард, ки Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамаҷониба талош меварзад, ки билетҳо аз нархи муқарраршуда гарон фурӯхта нашаванд.

Ӯ аз аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар сурати аз нархи муайяншуда гаронтар фурӯхтани билет ба онҳо муроҷиат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки нархи билетҳо ба самти Душанбе-Москва ва бозгашт аз он бо парвозҳои мунтазам 500 доллар муқаррар шудааст.