Тармафароӣ дар Тоҷикистон

Дар ВМКБ тарма пеши роҳи дарёи Ғундро бастааст

Боришоти беисти барфу борон сабаби фаромадани тармаи калонҳаҷм дар ҳудуди деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнони ВМКБ шуд. Дар натиҷа ин тарма маҷрои рӯдхонаи Ғундро бастааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии ВМКБ хабар медиҳад.

“Ин омил ба тадриҷан кам гардидани ҳаҷми об дар нерӯгоҳи барқи обии “”Помир-1” оварда мерасонад ва дар сурати зарурат маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад”, – таъкид кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад баъди ба эътидол омадани вазъ маҳдудият бардошта хоҳад шуд.

Маъмурияти ВМКБ аз сокинони вилоят хоҳиш кардааст, ки дар чунин ҳолатҳо ба таҳлука наафтанд.

Skip to toolbar