logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар вилояти Томск фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд мешавад

Дар ин вилояти Русия муҳоҷирон аз ҳаққи кор дар такси, соҳаи маориф ва нуқтаҳои фурӯшу истеҳсоли ғизо маҳрум карда мешаванд

Your tj

10:1519.07.2024

Дар вилояти Томск фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд мешавад

Дар вилояти Томски Русия барои муҳоҷирон кор дар такси ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда мешавад. Маҳдудиятҳо аз 1 ноябри соли 2024 эътибор пайдо мекунанд.

Тавре раиси вилоят Владимир Мазур дар телеграм-канали худ навиштааст, ин тасмим “дар комиссияи зиддитеррористӣ бо иштироки бевоситаи намояндагони ақалиятҳои миллӣ” гирифта шудааст.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ инчунин кор дар истеҳсоли маводи ғизоӣ ва хӯрокҳои тайёр, савдои чакана, тиҷорати меҳмонхона ва тарабхона манъ карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаҳои вобаста ба интихоби кадрҳо, таъмини амният, инчунин дар соҳаи таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ кор карда наметавонанд.

Мазур гуфтааст, вилояти Томск “иқтидори кадриро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа аз ҳисоби мутахассисони ватанӣ рушд хоҳад дод”.

Дар соли 2024 аллакай дар 17 минтақаи Русия (бо ҳисоби Томск) маҳдудиятҳо барои кори муҳоҷирон ҷорӣ карда шудаанд, аз ҷумла дар ҳудуи кишвари Забайкал, Округи мухтори Ненетс, вилоятҳои Нижний Новгород, Смоленск, Самара, Кемерово, Воронеж, Тула, Магадан, Курган, Новосибирск, Новгород, Курск, Саратов, Липетск ва Кострома. Ҳамчунин, дар Қрими ишғолшуда низ фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд карда шудааст.

Мақомоти Русия пас аз ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар Крокус Сити Холл ҷорӣ кардани маҳдудият дар кори муҳоҷиронро суръат бахшиданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

1 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

1 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

4 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

4 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ