Вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеи худ, имрӯз 21-уми июл гуфт, вазорат барои мустаҳкам кардани заминаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ баъзе корҳоро анҷом дода истодааст.
Масъулони ин ниҳод гуфтанд, баъзе блогероне, ки нав ба блогерӣ қадам мегузоранд, “аз доираи одоби муошират берун мешаванд”.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги кишвар кори блогеронро ба журналистика рабт дода гуфт, гирифтани пеши роҳи ин бесарусомонӣ “дар олами журналистика кори як мақомот нест, кори аҳли фарҳанг, аҳли зиё, ташкилотҳои эҷодӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи мост”.

Аз масъулони дигари ин ниҳод Бахтиёр Ҳамдавом зикр кард, ки ба қонунҳои кишвар барои танзими ин соҳа аз ҷониби вазорат пешниҳодҳо шудааст.
“Барои ворид намудани тағйирот ба Қонун “Дар бораи иттилоотонӣ” ва кодекси нав, ки дар бораи ВАО қабул мешавад, як банд аз ҷониби Вазорати фарҳанг пешниҳод шудааст”, – зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ дар ин самт корҳо бисёр эҳтиёткорона рафта истодааст.
“Ба хотири он ки маҳдудият нашавад ва мутаассифона аксари блогерони мо, ки аз саводи кофӣ бархӯрдор нестанд, бештар меъёри забонро риоя намекунанд, агар ин маҳдудият ҷорӣ шавад, аксари блогерон аз фаъолият даст мекашанд”, – қайд намуд Ҳамдамов.
Риоя нашудани меъёри забону ахлоқ аз ҷониби баъзе блогерон ҳамеша дар ҷомеаи кишвар баҳсбарангез аст.
Дар Соли 2021 блогерҳо дар Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки аз даромади худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, аз ҷумла аз даромади лотереяҳо ва бозиҳои бурднок андоз супоранд.
Тибқи қонунҳои андози кишвар, блогер, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома кор мекунад, аз рӯи системаи содакардашуда ба андозаи 6% аз даромади умумии худ андоз месупорад.
Блогере, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, 18% фоидаи худро, яъне пас аз тарҳ кардани хароҷот аз даромади бадастомада пардохт мекунад.
Шумораи умумии блогерҳое, ки дар мақомоти андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дар аввали соли равон 114 нафарро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти кумитаи Андози кишвар, шумораи блогерони сабтиномшуда дар як соли охир 26 нафар афзудааст.
Аз ҷумла, дар Кумита қайд карданд, ки 71 блогер ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, дар асоси шаҳодатнома ва 43 ҳамчун шахси ҳуқуқӣ кор мекунанд.
Дар Кумитаи андоз гуфта буданд, ки даромади умумии блогерҳо дар соли 2024 ба 27 миллион сомонӣ (тақрибан 2,5 миллион доллар) расидааст. Аз ин маблағ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 4,8 миллион сомонӣ (440 ҳазор доллар)-ро ташкил доданд.