fbpx

Дар Ванҷ се нафар зери тарма монда, яке аз онҳо фавтидааст

Яке аз онҳо тавонистааст худро наҷот дода, фавран ҳамдеҳагонро аз ҳодиса огоҳ созад ва сокинони деҳа нафари дуюмро, ки пояш шикаста буд, наҷот додаанд.


2
2 points
Акс: КҲФ

Се сокини деҳаи Пишихарви ноҳияи Ванҷ зери тарма монда, яке аз онҳо ҷони худро аз даст додааст. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр рух додааст.

Гуфта мешавад, ин се нафар “бо вуҷуди эълонҳо ва ҳушдорҳо аз паёмадҳои боришоти рӯзҳои ахир бо мақсади ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд”.

Ду нафари онҳо 44 сол дошта, як нафарашон 55-сола буд.

Манбаъ менависад, яке аз онҳо Диловар Умаров, ки низ бо ҳамроҳонаш зери тарма монда буд, тавонист худро наҷот дода, фавран ҳамдеҳагонро аз ҳодиса огоҳ созад.

Сокинони деҳа нафари дуюм – Алишер Ҷумъаевро, ки ҷароҳати сахт бардошта буд (пояш шикаста) аз зери ғарами барф берун оварда, ба бемористони марказии ноҳия интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ҳоло ҷустуҷӯи шахси сеюми зери тармамонда идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
5
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend