Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2121.11.2024
Се сокини деҳаи Пишихарви ноҳияи Ванҷ зери тарма монда, яке аз онҳо ҷони худро аз даст додааст. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр рух додааст.
Гуфта мешавад, ин се нафар “бо вуҷуди эълонҳо ва ҳушдорҳо аз паёмадҳои боришоти рӯзҳои ахир бо мақсади ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд”.
Ду нафари онҳо 44 сол дошта, як нафарашон 55-сола буд.
Манбаъ менависад, яке аз онҳо Диловар Умаров, ки низ бо ҳамроҳонаш зери тарма монда буд, тавонист худро наҷот дода, фавран ҳамдеҳагонро аз ҳодиса огоҳ созад.
Сокинони деҳа нафари дуюм – Алишер Ҷумъаевро, ки ҷароҳати сахт бардошта буд (пояш шикаста) аз зери ғарами барф берун оварда, ба бемористони марказии ноҳия интиқол додаанд.
Гуфта мешавад, ҳоло ҷустуҷӯи шахси сеюми зери тармамонда идома дорад.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
23 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
23 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад