Дар Вахш як домоду арӯс баъди ҳамагӣ чанд рӯзи тӯй худкушӣ кардаанд

Нарх арзон шуд: ширкатҳои ҳавонавардӣ ба Агентӣ тааҳҳуд супурданд

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз тааҳҳуди ширкатҳои ҳавонавардӣ бар поён бурдани қимати билети парвоҳзои миёни Русияву Тоҷикистон хабар дод

Дар моҳи феврал қимати билетҳо якбора ба таври бесобиқа боло рафт ва агентӣ аз ширкатҳо хоста буд, ки нархҳои собити худро пешниҳод кунанд.

Як манбаъ дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни як ҷаласаи муштарак ширкатҳои ҳавонавардӣ тааҳҳуд супурданд, ки фурӯши билетҳоро дар парвозҳои миёни Тоҷикистону Русия ба таври собит ба роҳ хоҳанд монд.

“Аз мавсими нав новобаста аз боло рафтани қурби доллар ширкатҳо ба агентӣ тааҳҳуд супурданд, ки нархи билетҳоро аз ҳудуди 250 то 350 доллар боло нахоҳанд бурд. Дар акси ҳол агентӣ ин ҳақро хоҳад дошт, ки ҳаққи парвозро аз онҳо бигирад”, – гуфт манбаъ.

Дар моҳи феврали соли равон ширкатҳои ҳавонавардӣ қимати билетҳоро якбора 100% боло бурданд ва нархи ҳадди ақали як билет ҳудуди 5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин муҷиби норизоиятиҳо мусофирин, қабл аз ҳама муҳоҷирини меҳнатӣ шуд.

Худкушии як шоҳу арӯс дар Вахш баъди ҳамагӣ чанд рӯзи тӯй? Додситонӣ ба таҳқиқи қазия оғоз кардааст

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷасадҳои як домоду арӯсро, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш тӯй шуда буданд, дар оғил пайдо кардаанд. Ин ҳодиса шаби 27 ба 28-уми март рух додааст ва ҳоло дақиқ нест, ки ин ҳодиса худкушӣ аст ё омили дигаре дорад.

Ҷасадҳои ин ҷуфти ноком, рӯзи 28-уми март ба хок супурда шудаанд.

Дастагул Мирзоева, раиси ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш дар суҳбат бо “АП” ин хабарро таъйид карда гуфтааст, ки ин ду ҷавон Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл туйи арӯсӣ карда буданд, дар оғилхонаи хонаи шаҳ онҳоро овехта пайдо кардаанд.

Гулҳавас Шоева, сокини деҳаи Дилбари ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён будааст. Ин ҷавонон бо розигии падару модар оила барпо кардаанд ва қаблан шиносоӣ ҳам надоштаанд,- гуфт Дастагул Мирзоева.

Ба гуфти раиси ҷамоат айни замон вобаста ба ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронида истодаанд.

Салоҳиддин Исмоилзода, додситони ноҳияи Вахш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вобаста ба ин ҳодиса додситонӣ ба санҷиш шуруъ карда аст.

Сокини Балҷувон, ки бо бародари вазир даъвои додгоҳӣ дошт, дастгир шудааст

Мақомоти интизомӣ як сокини Балҷувонро, ки бо муовини собиқи раиси ноҳия барои як порча замин даъвои додгоҳӣ дошт, дастгир кардаанд.

Фариштамоҳ Каримова, ҳамсари Саидмуъмин Давронов рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки шавҳарашро рӯзи 25-уми март ба Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон даъват кардаанд ва дигар ҷавоб надодаанд. Ӯ гуфт: “Ҳамроҳи шаваҳарам писарамро бурданд ва баъди як рӯз ҷавобаш доданд, вале субҳи имрӯз боз даъваташ карданд.”

Ба қавли Фариштмоҳ Каримова, муфаттишон шавҳарашро ба заминфурӯшӣ муттаҳам кардааанд. Яке дигар, аз хешовандони Саидмуъмин Давронов гуфтааст, ки бо ӯ суҳбати телефонӣ доштааст ва худаш гуфтааст, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Ҳабиб Ҷумъазода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон рӯзи 28-уми март гуфтааст, ки Саидмуъмин Давроновро барои “хариду фурӯши замин” бозпурсӣ мекунанд ва писарашро касе боздошт накардааст.

Саидмуъмин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи Балҷувон муддати тулонӣ бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳия ва бародари Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон барои ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт. Баҳси додгоҳии онҳо ба матбуот ҳам кашид ва аз ҷумла дар Радиои Озодӣ инъикос ёфт.

Skip to toolbar