fbpx

Дар Ваҳдат як ҷавон барои куштани маъшуқааш беш аз 10 сол зиндонӣ шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Дар шаҳри Истаравшан марди 37 – сола барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.
Акс аз сомонаи realist.online

Як зодаи Тоҷикистон ҳангоми фирор аз Донетск дар садамае ҳалок шудааст

Як зодаи Тоҷикистон ва ҳамсари украиниаш ҳангоми фирор аз вилояти Донетски таҳти назари ҷудоиталабони рӯ ба Русия ба самти Украина ба садама дучор шуда, ҷон бохтаанд.

Ҷасади Ёдалӣ Муборакшоеви 62-сола ва Татяна Муборакшоеваро рӯзи 13-уми апрел дар деҳаи Козелетсии вилояти Черниҳови Украина дафн карданд. Садама 9-уми апрели имсол, ҳангоме рух додааст, ки дар маҳалли ҳаракати онҳо тирпарронӣ шиддат гирифтааст.

Қисмате аз Донетск зери назорати нерӯҳои украинӣ қарор дорад ва қисми дигарро ҷудоиталабони наздик ба Русия идора мекунанд. Мақомоти кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия барои пурра зери назорат даровардани Донетск ба амалиёти низомии бузургтар омодагӣ мебинад.

Ҳамидулло, як муҳоҷири тоҷик аз вилояти Черниҳови Украина, 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз тирпарронӣ осеб надидаанд, вале ба нақли шоҳидон, талоши зудтар ба ҷойи амн расиданро доштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Ёдалӣ Муборакшоев аз соли 1994 дар Донетск зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Украинаро дошт. Онҳо соҳиби ду фарзанд будаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Украина низ ҳалокати ин зодаи Тоҷикистон ва ҳамсарашро тасдиқ карданд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндаи онҳо дар маросими дафни зодаи Тоҷикистон иштирок дошт. “Аз рӯзи ҳодиса бо наздиконаш тамос доштем,” — гуфт ӯ.

Ин зодаи Тоҷикистон аз ҳудуде талоши берун шудан кардааст, ки яке аз маҳалҳои занозании аслии низомиёни рӯ ба Русия бо низомиёни Украина аст.

Дар Ваҳдат як ҷавон барои куштани маъшуқааш беш аз 10 сол зиндонӣ шуд

Суди шаҳри Ваҳдат сокини маҳаллӣ Манучеҳр Юлдошзодаро барои куштани зане, ки бо ӯ муносибати маҳрамона дошт, ба 10 солу 6 моҳу зиндон маҳкум кард.

Ҳукм рӯзи 30 марти соли равон содир шуда, лекин хабари он дар сомонаи ин ниҳод 13 апрел ба нашр расид.

Ба иттилои манбаъ, Юлдошзода моҳи декабри соли 2021 бо зани 50-сола Дилором Шарипова шинос мешавад.

“Бори аввал мард дар хонаи зан бо ӯ алоқаи ҷинсӣ карда, ба Шарипова 160 сомонӣ пул медиҳад. Баъди чанд рӯзи дигар ӯ ба Шарипова барои ҳамхобагӣ боз 150 сомонӣ маблағ пешниҳод карда, вақте ки ба хона меоянд, ҷавон эрод мегирад, ки аз даҳони зан бӯи машруботи спиртӣ меояд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, зан аз ин эрод ба қаҳру ғазаб омада, бо дастонаш ба рӯи мард як маротиба зарба зада, бо алфози қабеҳ ӯро дашном медиҳад ва шаъну шарафашро паст мезанад.

“Юлдошзода аз ин рафтори зан ба ғазаб омада, бо истифода аз рӯймол даҳону гардан ва дастони Шариповаро аз қисми пеш баста, бо охирин алоқаи ҷинсӣ мекунад ва сипас ӯро бо рӯймол буғӣ кардааст”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зикр мегардад, баъди боварӣ ҳосил кардан ба марги Шарипова, ӯ 150 сомонӣ маблағи пулии занро азхуд намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Юлдошзода дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт ва нисбаташ мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 244 (Дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Юлдошзода муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.

Тоҷикон дар Харков ба мардум палави ройгон медиҳанд

Наздик ба даҳ тоҷики муқими шаҳри Харков як ҳафта боз ба садҳо сокини маҳаллӣ ва низомиёни Украина оши палав медиҳанд. Харков аз моҳи феврал боз зери тирборони низомиёни Русия қарор дорад ва аксар сокинонаш дар паноҳгоҳҳо ба сар мебаранд.

Муҳаммадраҳим Холов, тоҷики муқими Украина, ки гоҳ-гоҳ дар тӯйи тоҷикони Харков ош мепухт, ҳоло ин корро ҳар рӯз анҷом медиҳад. Вай рӯзе барои аз 1,5 то 1,7 ҳазор нафар палав таҳия мекунад.

Дар Харков, ки сохтори барқу обрасонӣ хароб шудааст, сокинон хӯроки гарм пухта наметавонанд. Гурӯҳе аз тоҷикони муқими шаҳр, ки то оғози ҷанги Русия бо Украина тиҷорат доштанд, тасмим гирифтанд, барои мардум ғизои гарм омода кунанд. Ҳавлии Муҳаммадраҳим Холов ошпазхона интихоб шуд.

Нурулло Сайдалиев, раҳбари ҷомеаи тоҷикон дар Харков, ки яке аз ташаббускорони ин иқдом аст, мегӯяд: “Хӯрок ҳаст, харида мешавад, лекин намерасад. Одам бисёр аст. Бисёре аз одамон гуруснаву ташна мондаанд. Бисёр ҷои шаҳрро бомбаборон карда, вайрон кардаанд. Барқ нест, об нест, газ нест. Дидем, ки мушкили бисёр аст, гуфтем, ба халқ нону намак диҳем.”

Маҳсулотро тоҷирони тоҷик ва сармоядорони маҳаллӣ меоранд. Ҳазорон сокини шаҳр аз тарси бомбаборон дар паноҳгоҳҳо зиндагӣ мекунанд. Садои тир ҳанӯз шунида мешавад.

Лаҳзае, ки мо бо Муҳаммадраҳим Холов суҳбат мекардем, садои таркиш ба гӯш мерасид. Ӯ вазъро хатарнок тавсиф кард. “Хатарнок аст, чӣ кор кунем. Халқ гурусна аст, кӯдак бисёр аст. Ин корҳо аз сари мо гузаштаанд, мо медонем, ки гуруснагӣ чӣ ҳаст. Ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба ёд дорем. Дуо мекунем, ки сулҳ шавад ва ба ватан равем,” — гуфт ӯ.

Тоҷирони тоҷик пешниҳодҳоро дар бораи тарки Харков рад кардаанд. Нурулло Сайдалиев, раҳбари ҷомеаи тоҷикон, мегӯяд, “мо гуфтем, ки хатарнок аст, агар мехоҳед, бароед. Бачаҳо гуфтанд, тарк намекунем, бо мардум мемонем. Чӣ қадар аз дастамон омад, кумак мекунем.”

Сафи онҳое, ки барои хӯроки гарм меоянд, рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Захираи тоҷикон барои ошпазӣ то кай мерасад, маълум нест.

Cафари президент ба Суғд аз ифтитоҳи корхонаи “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ оғоз шуд

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварда, сафари кории сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, нахуст дар мавзеи Кончочи ин ноҳия бо ҳузури президент Корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар ин корхона ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби  ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва ҶС “Тибет Хуаюй” 136 млн доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, то ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти бузурги саноатӣ беш аз 2000 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.

Дар қисмати тарзи кушоди кон бошад, корҳои қабаткушоӣ идома дорад. Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ 218 ҳазору 554 метри мураббаъ ва пармагарӣ бошад, бештар аз 10 ҳазор метр иҷро карда шудааст. Аз қисмати тарзи кушоди кон дар як шабонарӯз зиёда аз 2 ҳазор тонна маьдан истихроҷ ва бо воситаи техникаю механизми зарурӣ ба коргоҳҳои ғанисозӣ интиқол дода мешавад. Ҳамзамон дар маҳалли сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар бунёд карда шудааст. Тариқи ин канал оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарсидан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ иҷро карда шудааст.

Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд карда шуд, ин анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Ин иншоот дорои сарбанди регӣ, буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Баландии садди амбори нигоҳдории партовҳо 55 метр мебошад.

Ба гуфти масъулон обҳои техникӣ дар коргоҳҳои бойгардонӣ батакрор бо тарзи занҷири сарбаста истифода мешавад ва он ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад.

Барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами “ТАЛКО Голд” бо насби қариб 100 сутунпояи оҳанӣ аз масофаи 34 километр хати интиқоли баландшиддати неруи барқ кашида шуда, як зеристгоҳ, ки тавоноиаш 110 ба 10 киловолтро дар бар мегирад, бунёд гардидааст.

Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи конҳои Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон бунёд гардида, тибқи маълумоти масъулон захираи умумии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Бензину газ дар Душанбе ва минтақаҳо боз 20 дирам арзон шуд

Агар як ҳафта пеш 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе бо нархи 6 сомониву 80 дирам фурӯхта мешуд, пас имрӯз арзиши он то 6 сомониву 60 дирам поин рафт.

Мувофиқи навиштаи лавҳаи нуқтаҳои фурӯш имрӯз бензини навъи АИ-92 дар сатҳи 11,20 сомонӣ, АИ-95 – 11,70 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 12 сомонӣ нарх доранд. Яъне нархҳо ба ҳама навъи сӯзишворӣ ба ҳисоби миёна 20 дирам поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар минтақаи шимоли кишвар низ дар муқоиса бо як ҳафтаи пеш бензин 30 дирам ва гази моеъ – 20 дирам арзон шудааст.

То 14 апрел гази моеъ дар Хуҷанд 6,40 сомонӣ, бензини навъи АИ-92 – 11 сомонӣ, АИ-95 – 11,50 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – 12 сомонӣ нарх дошт.

Як ҳафтаи қабл нархи 1 литр бензини навъи АИ-95  дар шаҳри Хуҷанд 11,90 сомонӣ, АИ-92 – 11,40 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 12,20 сомонӣ, гази моеъ – 6,70 сомонӣ ва дар баъзе нуқтаҳо – 6,60 сомониро ташкил медод.

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ низ арзиши маводи сӯзишворӣ поин рафта, агар пештар дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Бохтар бензин бо нархи 11,40 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 12-12,20 сомонӣ ва газ – 6,80 сомонӣ фурӯхта мешуд, пас имрӯз гази моеъ 6,40-6,50 сомонӣ, бензини навъи АИ-92 – 11,00 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – 12,00 сомонӣ нарх доранд.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, нархи сӯзишворӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги воридкунанда паст шуда, поинравии нарх бештар ба ширкатҳои таҳвилгар вобаста аст.

Аммо бино ба мушоҳидаҳо ва арзёбии коршиносони бозори сӯзишворӣ поинравии нархи маводи сӯхт ба болоравии қурби рубли русӣ нисбат ба доллар ва коҳиши нарх дар биржаҳои ҷаҳонӣ марбут аст.

Тибқи омори расмӣ, 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend