fbpx

Дар Турсунзода ноболиғ мардеро бо корд захмӣ кард

Мухтасари хабарҳои рӯз. Аз гӯронидани ҷасади 7 корманди "Водоканал" то се садамаи марговари ду рӯзи охир дар роҳҳои Тоҷикистон.


0
Ноболиғ дар Тоҷикистон мардеро бо корд захмӣ кард
Акс аз ВКД

Ҷасади 7 корманди “Водоканал” ба хок супорида шуд

Ҷасади 7 нафар корманди Корхонаи воҳиди давлатии Обу корез (“Водоканал”), ки бар асари як фоҷиа дар шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расиданд, ба хок супорида шуд.

Ҳодиса шоми шанбеи 13-уми май дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон рух додааст, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи манбаъ, коркунони Корхонаи Обу корези шаҳр қубурҳои канализатсияро таъмир мекарданд. Ба онҳо ду сокини маҳаллӣ кӯмак карданд.

“Мутаассифона, дар ҷараёни кор ҳама аз зиёд будани газ дар қубурҳои таъмиршаванда беҳуш шуданд. Сокинони маҳаллӣ онҳоро берун кашида, ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале дар роҳ ба беморхона 7 нафар ҷон доданд”, – афзуданд дар шаҳрдории Панҷакент.

Дар миёни кушташудагон сармуҳандиси ин корхона низ ҳаст.

Рӯйхати кормандони "Водоканал", ки дар Панҷакент ба ҳалокат расиданд
Рӯйхати кормандони “Водоканал”, ки дар Панҷакент ба ҳалокат расиданд. Акс аз манбаъҳо

Баҳром Исломзода, раиси Корхонаи воҳиди давлатии Обу корези Панҷакент аслан аз ноҳияи Данғара буда, ҷасадаш ба онҷо фиристода шудааст. Ҷасади Ҷамолиддин Назиров, ки ба гуфтаи манбаъ, ӯ низ аз ноҳияи Данғара будааст, ба зодгоҳаш фиристода шудааст.

Ҷасади Дилшод Маҳмудов, Ғайрат Мустафоев, Ҳамроқул Самадов, Ризо Мустафоев, Саидҷон Самадов субҳи 14 май дар қабристони Таги Камари шаҳри Панҷакент ба хок супурда шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ду сокини маҳаллӣ Рустам Бобокалонов ва Комилҷон Бобоев, ки дар ин ҳодиса осеб дида, дар беморхонаи марказии Панҷакент бистарӣ шуда буданд, ҳоло мураххас шудаанд ва вазъи онҳо таҳти назорати табибон қарор дорад.

Ҳавопаймои бо арзиши 92 млн доллар харидаи Тоҷикистон ба Душанбе омад

Субҳи имрӯз, 15-уми май ҳавопаймои 92 миллион долларае, ки Тоҷикистон аз Мексика бо харҷи махсус барои сафарҳои президенти кишвар харидааст, ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишастааст. Дар бораи харидорӣ ва истифодаи ҳавопаймои “Boeing 787-8 Dreamliner” мақомот ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Ҳавопаймои нав барои президенти Тоҷикистон
Аз саҳифаи Твиттери Bob Allen

Пойгоҳи “Flight Radar”, ки паврози ҳавопаймоҳоро дар реҷаи мустақим пахш мекунад, нишон медиҳад, ки ҳавопаймо бо рамзи “EY-001” аз Сан-Бернардино парвозро оғоз карда, соати 7:36-и субҳи 15-уми май дар Фурудгоҳи байнлмилалии Душанбе нишастааст.

Ҳамчунин, дирӯз, 14-уми май Боб Ален, як масъули ширкати “Nomadic Aviation Group”, ки ба санҷиш, рангубор ва иҷораи ҳавопаймоҳо машғул аст, ба бо нашри чанд акс аз дохил ва беруни ҳавопаймо дар саҳифааш дар “Твиттер” хабар дод, ки ин ҳавопаймо баъди рангубор ва нашри ному нишонаи Тоҷикистон ба ин кишвар парвоз кард.

Ин ҳавопаймо, ки пештар рамз ва нишони Мексика дошт, дар Сан-Бернардинои Иёлати Аризонаи Амрико рангубор карда шуда, нишони Тоҷикистон насб шудааст.

Қаблан, гуфта мешуд, ки ин ҳавопаймо махсусан барои сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон харидорӣ шудааст.

Ҳавопаймое, ки барои Эмомалӣ Раҳмон хариданд дар фазои Душанбе
Акс аз “Азия-Плюс”

Ҳамчунин, аз рангубор ва нашри нишони давлатии Тоҷикистон- нишон ва парчам дар ҳавопаймо маълум аст, ки ҳавопайморо хос барои сафарҳои президент аст ва танҳо ҳавопаймои рақами 1 метавонад номи кишвар ва нишони давлатиро дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон дар бораи харидории ин ҳавопаймо изҳори назар намекунанд.

Маълум нест, ки ин ҳавопайморо ширкати алоҳида харидорӣ кардааст ё ҳукумати кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон қаблан бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” парвоз мекард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми апрел Лопез Обрадор, президенти Мексика, дар Твиттер хабар дод, ки ҳавопаймое, ки соли 2012 барои раисиҷумҳури ин кишвар харида буд, ба ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши 92 млн додллар фурӯхтааст. Ҳарчанд  арзиши аслиаш 218 миллион доллар буд.

Президенти Мексика гуфта буд,  ки бо пули ҳавопаймо дар аёлатҳои фақири Герреро ва Оаксака бемористон хоҳанд сохт.

Дар шаҳри Кӯлоб ба баррасии парвандаи се милисаи гумонбар ба марги Абдуқаҳҳор Розиқов оғоз карданд

Дар шаҳри Кӯлоб Суд ба баррасиии парвандаи се корманди милисае, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини ин шаҳр гумонбаранд, оғоз кардааст.

Баррасии парвандаи се милиса дар Кӯлоб
Акс аз Радиои Озодӣ

Ҷузъиёти нав дар парванда ин аст, ки Зафар Холов, Шамшод Шарифов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони милисаи Кӯлоб ба он айбдор мешаванд, ки бо “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” Абдуқаҳҳор Розиқовро худсарона боздошт ва шиканҷа кардаанд.

Қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” гумонбар ҳастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфта буд “ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт”. Аммо наздиконӣ Абдуқаҳҳор Розиқов иддао карданд, ки ӯ зери шиканҷа ҷон додааст.

Як манбаъ огоҳ аз рафти мурофиа гуфт, ки кормандони милиса боздошти худсаронаро эътироф, вале шиканҷаи Абдуқаҳҳор Розиқовро рад кардаанд.

Қаблан, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки “3 корманди милиса, ки Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд, барои хунукназарӣ ҷазо гирифтанд, на барои куштор”.

Ҳамчунин, ба қавли вазир, дар робита ба ин ҳодиса, чанд корманди мақомоти корҳои дохила аз кор озод шудаанд, аммо ӯ аз касе ном нагирифт.

Абдуқаҳҳор Розиқовро кормандони милиса шаби 3-юми январ бо гумони даст доштан дар кочоқи маводи мухадддир боздошт карданд, вале субҳ ба наздиконаш хабар доданд, ки ҷасадашро аз сардхона бигиранд.

Марги ӯ эътирози гурӯҳе аз сокинони Кӯлобро ба бор овард. Наздиконаш камаш ду дафъа эътироз карда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд. Мақомот ваъда доданд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ мекунанд.

Дар Суғд марде барои тасарруфи 70 ҳазор доллар боздошт шудааст

Марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро барои қаллобӣ ва тасарруфи 70 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт кардаанд. Бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Доллар
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

“Аз охири соли 2018 то аввали соли 2019 гумонбар аз як сокини 46-солаи шаҳри Бӯстон 70 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ҳамагӣ 2 ҳазор долларашро баргардонидааст”, – менависад манбаъ.

Ҳоло нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 (қаллобӣ), қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар Турсунзода ноболиғ ба гардани марде корд задааст

Ноболиғи 15-сола як марди 33-соларо бо корд ба қисмати гарданаш зада, ӯро захмӣ кардааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми май дар шаҳри Турсунзода рух додааст, хабар медиҳад ВКД.

Ҳамлаи ноболиғ бо корд дар Душанбе
Акс аз сомонаи inbusiness.kz

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дар ҷойи кори ҷабрдида, дар дӯкони таъмири телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар дохили бозори “Баракат”-и шаҳри Турсунзода рух додааст.

Сабаби он “ба миён омадани муноқиша” гуфта мешавад.

Ба иттилои мақомот, ҳоло аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Се садамаи марговар дар ду рӯзи охир дар қаламрави кишвар

Дар роҳҳои Тоҷикистон давоми ду рӯзи гузашта се садамаи нақлиёт рух дод. Ду ронанда ва як мусофир дар натиҷа ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Садама дар роҳҳои Тоҷикистон
Акси марбута аз бойгонӣ

Ба гуфтаи манбаъ, 13-уми май, тахминан соати 22:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, Суҳроб Нуриддинови 45-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе дар километри 31-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ду автомашинаи дар канори роҳ истода бархӯрдааст.

“Автомашинаи дар канори роҳ истодаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи Бобоҷон Ғозиеви 41-сола ва автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра” таҳти идораи Шокир Ҳайдарови 39-сола буда, дар натиҷаи ин ҳодиса аз роҳи калони мошингард баромада, чаппа шудаанд”, – омадааст дар хабар.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Бобоҷон Ғозиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тақдири ҳаёти ду нафари дигар номаълум аст.

Ҳамин тавр, тахминан соати 19:30-дақиқаи 13-уми май, ронандаи, автомашинаи тамғаи “Маз-630305”, Эҳронҷон Очилови 26-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сангпораҳои канори роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Дилшод Очилови 19-сола, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид”, – менависад ВКД.

Ҳамчунин, дирӯз, тахминан соати 13:30-дақиқаи 14-уми май Сафаралӣ Қодирови 34-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ронандаи мототсикли боркаши тамғаи “Хунда” ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба самти ҷамоати деҳоти Даштигулҳо садама карда, дар натиҷа дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Гуфта мешавад, Сафаралӣ Қодиров мототсикли боркаши тамғаи “Хунда”-ро ба ҷӯйбори обгузар чаппа намудааст.

Ба иттилои ВКД, дар робита ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend