Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:4610.03.2026
Як сокини 50-солаи шаҳри Турсунзода ба мақомоти полис муроҷиат карда, хабар додааст, ки шаби 5 март, тахминан соати 23:00, шахси номаълум бо нияти ғорат ба манзили истиқоматии ӯ ворид шудааст.
Ба гуфтаи ҷабрдида, марди номаълум, ки бо корд, ниқоб, скоч, дастпӯш ва дастбанди пластикӣ (хамут) муҷаҳҳаз буд, бо роҳи пинҳонӣ аз болои девори ҳавлӣ ба хона ворид шуда, дар дохили ҳоҷатхона ӯро бо корд таҳдид кардааст. Ҳамлагар кордро ба гулӯи соҳибхона гузошта, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Соҳибхона ба гумонбар ваъда додааст, ки маблағи талабшударо аз дохили хона оварда медиҳад. Ӯ аз фурсат истифода бурда, ба манзили истиқоматиаш даромада, барои ҳифзи ҳаёт ва амнияти худу наздиконаш аз ҳуҷраи хоб яроқи шикории шахсиаш – тамғаи “К-16” думиларо гирифтааст.
Баъдан ӯ ба сӯи марди ниқобпӯш тир холӣ кардааст, ки тир ба қисми поёни шиками гумонбар расида, дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошта, ҳамон ҷо аз ҳуш рафтааст.
Ба иттилои ВКД, кормандони полис муайян кардаанд, ки ӯ марди 28-солаи сокини шаҳри Турсунзода будааст. Аммо шахсияташ ошкор карда нашудааст ва ҳамчунин маълум нест ҳоло дар куҷо ва дар чӣ ҳол аст. Аз ҷойи ҳодиса ҳамчун далелҳои шайъӣ корд, ниқоб, скоч, дастпӯш ва дастбанд (хамут) дарёфт ва мусодира карда шудаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад