fbpx

Дар Турсунзода як мард нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопайморо ғорат кардааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0

75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи беш аз $1 млн. Ҳосили форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дирӯз, 1 июн дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 200 соҳибкори тоҷику ӯзбек форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид.

Дар форум муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир–вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва дар маҷмӯъ, беш аз 200 намояндаи расмӣ, соҳибкорон, тоҷирон ва сармоягузорони ду кишвар ширкат карданд.

Гуфта мешавад, ки зимни форум миёни намояндагони ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва соҳибкорони ду кишвар масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ сарони ҳайатҳои ду кишвар имконоти назаррасро барои тавсеаи шарикии иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки технологӣ, ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёз ва рушди бозорҳои ояндадор қайд намуда, намояндагони соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистонро барои ҳамкории фаъол даъват намуда, ҳамзамон омодагии ҳукуматњои ду кишвар барои расонидани ҳама гуна дастгирии зарурӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид гардид.

– Дар доираи форум миёни соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 40 созишномаву қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард доллари ИМА ба имзо расид, – навиштааст сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар шарҳи баргузории ин форум.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон навиштааст, ки дар ҳошияи форум 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид.

Ин ниҳод гуфтааст, бо мақсади тақвияти савдои дуҷониба ва ҳавасмандсозии рушди ҳамкориҳои саноатӣ дар ояндаи наздик таъсиси минтақаи наздисарҳадии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон” дар минтақаи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” дар назар аст, ки дар он иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва зерсохтори зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ҳамчунин, азми ду кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, электротехника, истихроҷи маъдан ва энергетика эълон карда шуд. Дар ин росто имкониятҳои таъсиси ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2021 ҳамчун василаи муассири дастгирии лоиҳаҳои бахши хусусӣ таъкид гардид, – навиштааст вазорати сармоягузории Ӯзбекистон.

Дар ҷараёни форум ҳамчунин доир ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ маълумот дода шуд.

Форум дар доираи сафари расмии дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ба Ӯзбекистон баргузор гардид.

Сокини Рашт нуқтаи фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Турсунзодаро ғорат кард

Дар шаҳри Турсунзода як сокини 32-солаи ноҳияи Рашт ба гумони ғорати хазина (касса)-и фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ боздошт шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, як зани 39-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки соати тахминан 16:00 рӯзи 30 май як шахси номаълум  ба бинои хазина ворид шуда, бо калиди оҳанин ӯро лату кӯб ва пулҳоро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Гуфта мешавад, маблағи дуздидаи ӯ 12 ҳазору 620 сомонӣ (зиёда аз 1 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

Аз боздоштшуда ном бурда нашудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми се моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ коҳиши сабти шумори ҳодисаҳои дуздӣ ба қайд гирифта мешавад. Моҳҳои январ-март шумори ин гуна ҷиноятҳо 1683 ададро ташкил додааст, ки 281 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Мактабхонҳои марди бемори руҳиро латукӯбкарда боздошт шуданд

Наврасе, ки як мардро латукӯб карда буду навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, бо ҳамроҳонаш дастгир  шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад.

Манбаъ аз марде, ки мавриди лату куб карор гирифта буд, Қосимов Собир ном бурда гуфтааст, ки сокини деҳаи Лоҳутии  ноҳияи Дӯстӣ буда, бемории рӯҳӣ мебошад.

“Ҳамзамон муайян карда шуд, ки наврасоне, ки номбурдро мавриди латукӯб қарор додаанд хонандагони  синфи 9 муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №6 ноҳияи Дӯстӣ мебошанд.” – омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Зимни санҷиш ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Лоҳутии  ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба вуқуъ пайваста аст. Қосимов Собир дар роҳ бо алфози қабеҳ ба наврасон ва яке аз толибилмон  таҳкиру дашном медиҳад, ки боиси  лату куби ӯ аз ҷониби яке аз наврасон гардидааст.”

Гуфта мешавад шахсияти ҳамаи он нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд, муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дастрас карда шудаанд.

Ӯзбекистон аз 1-уми июн содироти равғани растаниро манъ кард

Сар аз 1 июн Узбекистон содироти равғани растанӣ ва пахтаро манъ кард. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 31 май фармон “Дар бораи чораҳои иловагӣ барои таъмини арзиши муътадили бозор”-ро имзо кард.

Бино ба ин фармон, шуруъ аз 1 июн содироти равғани растанӣ, ҳам пахта ва ҳам офтобпараст манъ шудааст.

Ҳамчнунин, бино ба фармони мазкур аз 1 июн Узбекистон содироти донаи офтобпараст ва дигар донагиҳое, ки барои истеҳсоли равған пешбинӣ шудаанд, манъ шудааст.

Девони вазирони Узбекистон метавонад, дар сурати ба таври кофӣ таъмин шудани бозори дохилӣ аз ин маҳсулот манъи содироти онро бекор созад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend