logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тошканд Ҳафтаи байналмилалии ғояҳои инноватсионӣ “InnoWeek-2025” мегузарад

Дар доираи ҳафта беш аз 30 чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор мешавад, ки аз онҳо 18 форуми байналмилалӣ ва 11 вохӯрии миллӣ мебошанд.

Your tj

15:0410.10.2025

Дар Тошканд Ҳафтаи байналмилалии ғояҳои инноватсионӣ “InnoWeek-2025” мегузарад

Ҳафтаи байналмилалии ғояҳои инноватсионӣ “InnoWeek-2025” аз 9 то 11 октябр дар пойтахти Узбекистон баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хабаргузории uznews.uz.

Имсол чорабинӣ таҳти шиори "Ғояҳо бидуни марз" доир мегардад. Дар “InnoWeek-2025” беш аз 130 меҳмони хориҷӣ аз 30 кишвар иштирок доранд.

Дар он ширкатҳо аз Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Эрон, Гурҷистон ва дигар кишварҳо навтарин дастовардҳо ва технологияҳои худро ба намоиш мегузоранд. Майдони асосии форум — Маркази намоишҳои байналмилалии Ӯзбекистон (CAEx) аст.

Дар ин ҷо тақрибан 400 лоиҳаи инноватсионӣ, стартап ва таҳқиқоти илмӣ пешниҳод мегардад. Дар доираи ҳафта беш аз 30 чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор мешавад, ки аз онҳо 18 форуми байналмилалӣ ва 11 вохӯрии миллӣ мебошанд.

Ҳамчунин баргузории нахустин “InnoWomenWeek-2025” — ҳафтаи инноватсияҳо барои занони ихтироъкор дар назар аст. Иштирокчиён лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуда, таҷриба мубодила ва дурнамои ҳамкориро дар соҳаи илм ва технология муҳокима мекунанд.

Яке аз самтҳои калидӣ форумҳои фондҳои венчурӣ ва сессияҳо оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо аст, ки дар онҳо коршиносон масъалаҳои маблағгузории навовариҳо, ворид намудани стартапҳо ба бозор ва таҳияи моделҳои нави тиҷоратиро баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои ташкилкунандагон, дар панҷ соли охир дар Узбекистон 53 лоиҳаи стартап маблағгузорӣ шудаанд, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 145 миллион доллар мебошад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

2 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

6 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

9 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

9 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ