logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

Your.tj

14:3129.09.2026

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

Дар Тоҷикистон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ сатҳи ҷинояткорӣ бештар аз 10 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора Оҷонсии омори кишвар, бар асоси маълумоти Вазорати умури дохилӣ хабар дода, гуфтааст, дар моҳҳои январ - августи соли равон дар ҷумҳурӣ қариб 14,7 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, давоми ҳаштмоҳаи аввали соли равон шумораи ҷиноятҳои сабтшуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 дарсад кам шудааст.

“Дар ВМКБ 13,3 фоиз, дар вилояти Суғд 11,3 фоиз, дар вилояти Хатлон 8,7 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15,2 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 6,5 фоиз кам шудааст”, - навиштааст манбаъ.

Ба иттилои Оҷонсии омор, дар ин давра 3 ҳазору 445 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳаштмоҳаи соли 2025-ум 11,2 дарсад кам аст.

Ин ниҳод аз кам шудани ҷиноятҳои марбут ба дуздиву таҷовуз ба номус низ хабар додааст.

“Нисбат ба моҳҳои январ - августи соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 10,1 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 25,8 фоиз, дуздӣ 11,4 фоиз, ғоратгарӣ 27,3 фоиз, роҳзанӣ 25,9 фоиз, қаллобӣ 14,7 фоиз ва авбошӣ 4,5 фоиз кам шудааст”, - гуфтааст манбаъ.

Кадом ҷиноятҳо зиёд шудааст?

Аммо ҷиноятҳои куштору сӯиқасд ба он, бар асоси маълумоти оҷонсӣ зиёд шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, “нисбат ба моҳҳои январ - августи соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба он 48,5 фоиз, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 5,3 фоиз ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 9,2 фоиз зиёд шудааст”.

Ошкоркунии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ - августи соли 2026 -ум 71,1 фоизро ташкил намудааст. Ин нишондод дар ҳаштмоҳаи соли гузашта 71,2 фоиз будааст.

Ҳарчанд омили кам шудани сабти ҷиноятҳо шарҳ дода нашудааст, вале мақомот дар гузашта коҳиши ҷинояткориро натиҷаи фаъолияти муассири худ арзёбӣ карда, борҳо гуфтаанд, барои таъмини амнияти сокинон пайваста чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо қонуншиканӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро амалӣ мекунанд.

259 просмотра

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

3 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

3 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

5 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

6 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ