Дар Тоҷикистон таътили тобистонаи мактаббачагон фаро мерасад

Аз соли 2016 инҷониб тибқи қарори Вазорати маориф дар кишвар анҷоми соли таҳсил бидуни ҷамъомадҳои тантанавӣ сурат мегирад.


Мактаб дар Тоҷикистон

Акс аз сомонаи Open Asia

Дар Тоҷикистон имсол рӯзи 25-уми май барои хонандагони синфҳои якуми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзи охирини таҳсил пешбинӣ шудааст. Мактаббачагони аз синфҳои 2 то 11 бошанд, каме дертар ба таътил мебароянд.

Тавре Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, хонандагони синфҳои 2 то 11-и тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар рӯзи 1-уми июн соли хонишро ба анҷом мерасонанд.

Дар Вазорати маориф ва илм қайд карданд, ки яке аз нуктаҳои муҳими раванди таълим аттестатсияи хонандагон мебошад. Он ба хонанда имкон медиҳад, ки аз як синф ба синфи дигар гузарад ва муддати гузаронидани он барои ҳамаи хонандагон гуногун аст.

Ҳамин тавр, аз 3 то 10-уми июн хонандагони синфҳои 4-8 ва даҳум аз аттестатсия гузаронда мешаванд.

Хатмкунандагони синфҳои 9 аз 3 то 15-уми июн ва хатмкунандагони синфҳои 11 аз 3 то 20-уми июн аз аттестатсия мегузаранд.

Имсол ҳам дар мактабҳои тоҷикӣ занги охирин нахоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Вазорати маориф, ки соли 2016 қабул шуда буд, дар кишвар анҷоми соли таҳсил бидуни ҷамъомадҳои тантанавӣ сурат мегирад.