Дар Тоҷикистон танҳо 67,3 дарсади аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Мушкили дастрасии аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дар нишасти хабарии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки имрӯз 27-уми январ баргузор гардид, садо дод.
Яъне мувофиқи омор аз 10,2 миллион нафар аҳолии кишвар танҳо каме беш аз 6,8 миллион нафар дастрасӣ ба обро соҳибанд.
Аз ин 67 дарсад 41,4 дарсад ба оби ошомидании муттамарказонидашуда таъмин мебошанд.
Достизода Абдулазиз, муовини якуми раиси ин ниҳод гуфт, дастрасии аҳолӣ ба об ҳамасола 2-3 дарсад меафзод.
Аз соли 2020 то инҷониб дастарсии аҳолии кишвар ба оби ошомиданӣ 8,8 дарсад ё 964 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Ҷамшед Табарзода раиси ин ниҳод мушкилоти мавҷуда дар самти таъмини аҳолӣ ба оби нӯшокиро эътироф кард ва гуфт, “марҳила ба марҳила дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданиро зиёд менамоем”.
Дар нишасти хабарии қаблӣ муовини раиси ин ниҳод Раҷабалӣ Расулзода гуфта буд, мувофиқи як барнома давлатӣ, ки онро Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, бояд сокинони шаҳру деҳоти кишвар то ҳашт соли оянда бо оби тозаи ошомиданӣ ва обҳои рафъи партов (канализатсия) пурра таъмин гарданд.
Мушкили дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ даҳсолаҳост дар кишвар вуҷуд дорад. Мақомот мегӯянд барои сохтмон ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ин бахш танҳо бо маблағи буҷет имконипазир набуда, ҷалби сармоя низ кофӣ нест.