fbpx

Дар Тоҷикистон таҳсил барои хонандагони синфи 1 аз 9-уми август оғоз мешавад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Қарзи давлатии Тоҷикистон дар ним сол 100 миллион доллар зиёд шуд

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 3,8 миллиард долларро ташкил дод, ки баробар ба 44,6 дарсади ММД ҷумҳурӣ мебошад.

Дар муқоиса бо аввали сол (3,7 миллиард доллар), ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ тақрибан 100 миллион доллар афзоиш ёфтааст, ки ин бо афзоиши ҳаҷми қарзи беруна рабт дорад. Қарзи дохилӣ бетағйир боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи вазир, дар сохтори қарзи давлатӣ 3,3 миллиард доллар ба қарзи хориҷӣ рост меояд (87 дарсад) ва ҳаҷми қарзи дохилӣ 500 миллион доллар (13 дарсад) аст.

9-уми август – оғози мактаб барои хонандаҳои синфи 1

Сар аз 9-уми август, хонандагоне, ки имсол ба синфи 1 мераванд, барои мутобиқшавӣ ба барномаҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсон Сафарзода хабар дод.

Субҳи имрӯз Сафарзода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки давраи мутобиқшавии хонандаҳои синфи як аз 10-уми август оғоз мешавад. Аммо нусхае аз фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ин бора, дастраси  “Азия-Плюс” шуд, ки дар он оғози давраи мутобиқшавӣ аз 9-уми август то 20-уми август, яъне 10 рӯзи таълимӣ гуфта шудааст.

Эҳсон Сафарзода гуфт, ки давраи мутобиқшавии мактабхонҳои синфи аввал 10 рӯз, то 20 август тӯл кашида, баъдан онҳо низ мисли хонандагони дигари мактабҳо 1 сентябр ба таҳсил оғоз мекунанд.

Оғози соли таҳсил дар Тоҷикистон 1-уми сентябр аст.

Вазорат: Ба суратҳисоб пул ворид нашуд. Раҷаби Мирзо: 10 ҳазор сомонии мо куҷо шуд?

Ба суратҳисобе, ки Вазорати молияи Тоҷикистон барои кумак ба осебдидагони муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон боз карда буд, “пул ворид нашудааст“.

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, пас аз кушодани суратҳисоби махсус аз созмонҳои байналмилалӣ низ хостанд, ки ба осебдидагони муноқишаи марзӣ ёрӣ расонанд.

Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 2-юми август дар нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон дар бораи чӣ қадар ворид шудани маблағ ба суратҳисоби зарардидагони муноқиша ва дар куҷо харҷ шудани он посухи рӯшан надод. Вай танҳо гуфт, “маблағи воридшуда он қадар зиёд нест.”

Аммо Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, дар посух ба суоли хабарнигоре гуфт, “то имрӯз ба суратҳисоб маблағ ворид нашудааст”.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва масъули гуруҳи “Ахбор барои афкор” дар Фейсбук баъд аз нашри хабари Вазорати молия пурсид, “пас, 10 000 сомонии воридкардаи мо куҷо рафт?”

Ӯ, ки яке аз созмондиҳандагони маъракаи ҷамъоварии маблағ барои осебидидаҳо дар марз буд, расид (чек)-и пардохти 10 ҳазор сомониро ҳам ба Радиои Озодӣ фиристод.

Сафири Тоҷикистонро дар Русия иваз карданд

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Арманистон буд, рӯзи дувуми август аз мақом озод карда шуд. Дар фармони раиси ҷумҳурӣ сабаби тасмимро гузаштан ба кори дигар гуфтаанд.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, ба ҷойи ӯ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро намояндаи Тоҷикистон дар Русия таъин карданд. Гулмаҳмадзода то кунун дар мансаби муовини нахуствазир кор мекард.

Рӯзи 2-юми август дар чанд намояндагии дигари Тоҷикистон дар хориҷа тағйирот сурат гирифтааст. Бино бар он, Файзулло Холбобоевро аз мансаби сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Молдова барканор карданд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон масъулияти намояндаи расмии кишвар дар Молдоваро бар уҳда дорад.

Хусрав Нозирӣ, ки то ин дам муовини вазири корҳои хориҷӣ буд, акнун дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ таъин шуд.

Вазири тоҷик гуфт буҷаи кишвар чӣ қадар даромад гирифтааст

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ ба 13,2 млрд сомонӣ баробар гардид.

Вай афзуд, ки иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳои мазкур ба андозаи 106,5 фоиз таъмин гардид.

Инчунин вазири молия таъкид дошт, ки воридоти он нисбат ба нақша 809,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ки хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ–июни соли 2021 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии кишвар зиёда аз 12,9 млрд сомонӣ равона гардид.

Дар робита ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия парванда кушодаанд

Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Брянск нисбат ба чаҳор сокини Доғистон бо гумони қатли як зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушод. Тафтишот маълум кардааст, ки ин ҳодиса натиҷаи интиқомгирӣ аст.

Ба иттилои расмӣ, шаҳрванди Тоҷикистон соли 2019 дар яке аз клубҳои шабонаи Русия дар пайи як ҷанҷол ҷавони 21-солаи доғистониро куштааст. Муҳоҷири тоҷик таҳти пайгард эълон шуда буд.

Моҳи июни имсол падари ҷавони кушташуда бо як гурӯҳ маслиҳат карда, ба онҳо барои ба қатл расонидани шаҳрванди Тоҷикистон пул додааст. Ин афрод муҳоҷири тоҷикро аз манзилаш рабуда, дар ҷангал куштаву ба чуқурие партофтаанд. Гумонбарон боздошт шудаву тафтиши ҳодиса идома дорад.

Вазири молия гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун “омӯзиши махсус мегузаронад”

Вазири молияи Тоҷикистон хабар дод, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” як омӯзиши вижа мегузаронад.

Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ дар ин маврид шарҳе надодаанд. Ба қавли вазири молия, Тоҷикистон бо маблағҳои буҷа наметавонад “Роғун”-ро бисозад ва аз ин рӯ дар талоши пайдо кардани сармоя аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ дар бораи омӯзиши махсуси Бонки Ҷаҳонӣ барои маблағгузории “Роғун” шарҳи зиёд надод. Ӯ танҳо гуфт, то моҳи сентябр як нишаст бо ҳузури намояндагони созмонҳои молиявӣ баргузор ва “қадамҳои баъдӣ дар робита ба “Роғун” мушаххастар мешавад.”

Вазири молия дар ҳузури хабарнигорон аз он гуфт, ки “нигоҳи тамоми созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба ин иншоот (Роғун) комилан дигар шудааст.” Аммо мушаххас аз ягон созмони молии ҷаҳонӣ ном набурд.

Кормандони Бонки миллӣ дар Хуҷанд ба кори фосилавӣ гузаштанд

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд даҳҳо корманди худро ба кори фосилавӣ гузаронд. Ин тасмим бо ҳадафи пешгирӣ аз гирифтории кормандон ба бемории COVID-19 рӯйи даст гирифта шудааст.

Зебо Сираева, муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир 325 корманди бонкҳо ба таври фосилавӣ, яъне дар хонаҳои худ, кор мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи аввали имсол 40 корманди бонкҳои вилоят ба бемории коронавируси нав гирифтор шуданд ва яке аз онҳо аз ин беморӣ фавтид. Ӯ аз корманди фавтидаи бонк ном набурд, вале афзуд, ки ба хотири ҳифзи саломатии кормандон кори фосилавиро ба роҳ монданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend