Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:2117.01.2025
Дар Тоҷикистон давоми чанд рӯзи оянда ҳавои номусоид ва бориши шадиди барфу борон дар назар аст.
Аз 17 то 20-уми январ эҳтимоли пастшавии ногаҳонии ҳарорати ҳаво ва фаромадани тормеғ дар минтақаҳо ва шаҳри Душанбе вуҷуд хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.
Агентии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии Суғду Хатлон ва ноҳяиҳои тобеи марказ то -10º, дар ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе то -2º сард шуда, дар баъзе минтақаҳои ВМКБ аз -13º то -42º сард пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин, шаҳрвандонро аз хатари сангрезӣ, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Рашт-Лахш, Нуробод-Сангвор ва Душанбе-Хоруғ ҳушдор додааст.
КҲФ аз сокинон даъват кардааст, ки қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳиро риоя карда, аз сайругашт дар маконҳои хавфнок худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон таъкид карда шудааст, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз карда, пеш аз сафар ҳолати техникии нақлиёти худро бисанҷанд ва дар доруқуттии худ доруҳои заруриро дошта бошанд.
Аз сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ даъват карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ кунанд.
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
1 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
6 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
11 дня назад